Маслиҳатҳо ҳуқуқӣ
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 287


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ [ Савол илова кардан ]

Меҳмонони мӯҳтарами сомона!
Дар боби «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ» Шумо метавонед ба саволҳои худ ҷавоб гиред, инчунин бо дигар саволҳои ҳуқуқии диққатҷалбкунандаи шаҳрвандон шинос шавед.
Барои ба ҳуқуқшинос савол дода ба он маслиҳати ҳуқуқӣ гирифтан, пур кардани шакли дар поён баёншуда лозим мебошад. Саволи худро ба қадри имкон аниқ ва пурратар тасвият диҳед.

Савол:
Чӣ тавр дар ташкилоти шумо маслиҳати ҳуқуқӣ оиди қайд кардан гирифта мешавад?
Ҷавоб:
Дар ҳар вақти ба шумо қулай аз соати 09.00 то 15.00 дар суроғаи кӯч. Шевченко, 46, ҳуҷраи 42.

Савол:
Арзиши маслиҳатҳои ҳуқуқии шумо чанд мебошанд?
Ҷавоб:
Маслиҳатҳои мо тамоман ройгон буда, аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ маблағгузорӣ карда мешаванд!

Савол:
Ман 30 сола буда, ду фарзанди ноболиғ дорам. Оё дар вақти бекор кардани ақди никоҳ ва тақсими молу мулк байни ману шавҳарам фарзандон ягон хел ҳуқуқ ба молу мулки муштарак, агар бо ҳамроҳи ман монанд, пайдо мекунанд?
Ҷавоб:
Ҳа, албатта, мувофиқи моддаи 39 Кодекси Оилаи ҶТ ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, аммо дар ҳолатҳои алоҳида суд метавонад аз сари баробарии ҳиссаҳои ҳамсарон дур гашта, ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад.

Савол:
Дар никоҳ 5 сол мебошем ва дар айни ҳол зиёда аз 8 моҳ бо шавҳарам якҷоя истиқомат намекунем. Дар ин вақт шавҳарам хонаи истиқоматие, ки як сол пештар харида будем, фурӯхта, дар никоҳ бо дигар зан зиндагӣ карда истодааст. Оё ман хонаи истиқоматиро баргардонида метавонам?
Ҷавоб:
Мувофиқи моддаи 35 КО ҶТ, агар шавҳари шумо бе розигии хаттии шумо моликияти умумиро фурӯхта бошад, шумо метавонед ба суд бо аризаи даъвогӣ оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш муроҷиат намоед.

Савол:
Бо шавҳарам хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро дорем. Ман хонаи истиқоматӣ дорам, ки онро ба ман модарам тӯҳфа кардааст. Мо дар хонае, ки бо шавҳарам дар вақти оиладории якҷоя харидаем, истиқомат мекунем. Оё дар вақти тақсими молу мулк хонаи истиқоматии ман тақсим карда мешавад?
Ҷавоб:
Не, тақсим намешавад, зеро мувофиқи моддаи 36 КО ҶТ молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки хонаи истиқоматӣ ба моликияти муштараки ҳамсарон дохил намешавад ва тақсим карда намешавад.

Савол:
Бо шавҳарам дар муддати ду сол ҷудо мебошем. Бо умеди он, ки аз рӯи поквиҷдонии худ шахсан ёрии моддии худро мерасонад, ман барои гирифтани алимент ариза пешниҳод накардаам. Аммо зиёда аз як сол мо аз шавҳарам ягон дирам ҳам нагирифтаем. Ман медонам, ки алимент аз рӯзи пешниҳод намудани ариза рӯёнида мешавад. Оё рӯёнидани алимент барои соли гузашта мумкин аст ва чӣ тавр инро бояд кард?
Ҷавоб:
Мутобиқи қисми 2 моддаи 108 Кодекси Оилаи ҶТ алимент аз лаҳзаи муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст. Ҳамин тариқ, шумо бояд ба суд бо талаботи рӯёнидани алимент барои ҳама давра ва дар мурофиаи судӣ исбот кардани ҳолатҳое, ки дар боло гуфта шудааст, муроҷиат намоед.

Савол:
Аз соли 2000-ум ман бо падари фарзанди 3-солаам дар никоҳи шаҳрвандӣ зиндагӣ кардам. Дар айни замон фарзандам бемор мебошад ва ба ман доимо ёрии моддӣ барои доруворӣ лозим мебошад, зеро шахсан худам кор карда наметавонам, чунки фарзандро ба ҳеч кас монда рафта намешавад. Оё ман барои фарзандам алимент рӯёнида метавонам?
Ҷавоб:
Ҳа, метавонед, агар шумо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ки дар хатти падари ному насаби шавҳари шаҳрвандиатон навишта шуда бошад. Агар шаҳодатномаи таваллуд набошад, шумо бояд ба суд бо ариза оиди муқаррар намудани падарӣ муроҷиат намоед ва баъди баровардани ҳалномаи суд оиди эътироф намудани падарии фарзанд шаҳодатномаи таваллудро аз мақомоти САҲШ гирифта, алиментро аз шавҳаратон ситонида метавонед.

Савол:
Ман хонаи истиқоматӣ сохтан мехоҳам. Кадом ҳуҷҷатҳоро барои ин ман ҷамъ карданам лозим?
Ҷавоб:
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони манзилҳои алоҳида» аз 21 июли соли 1994 таҳти № 997 ба шумо ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
• қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ё шаҳр оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии алоҳида;
• лоиҳаи пуриморат кардани қитъаи замин (ба лоиҳаи пуриморат кардан чунин ҳуҷҷатҳо дохиланд: нақшаи генералии қитъаи замин, лоиҳаи типӣ ё инфиродии хонаи истиқоматӣ, ки бо мақомотҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқ карда шудааст, лоиҳаи типӣ ё инфиродии сохтмонҳои рӯиҳавлигии хоҷагӣ);
• санад оиди ҷудо кардани қитъаи замин;
• иҷозатнома барои сар кардани корҳои сохтмонӣ, ки аз тарафи мақомотҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст. Баъди он, ки хона сохта мешавад, шумо бояд онро ба Ҳукумат барои истифодабарӣ супоред, то ки охирон комиссияи қабулкунандаи хонаи истиқоматии ба истифода супориданро ташкил намуда, қарори худро оиди тасдиқи санади қабули сохтмон барои истифодабарӣ мебарорад.
Баъди ин, санади қабул дар КФБТ ба қайд гирифта шуда, шаҳодатномаи қайди соҳибмулкии хонаи истиқоматӣ дода мешавад. Меъёри масоҳати манзилӣ бошад аз андозаи максималии манзилӣ ва масоҳати умумии хона, танҳо бо масоҳати қитъаи замине, ки барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо карда шудааст, маҳдуд карда мешавад.

Савол:
Ман мехоҳам, ки хонаи шахсии худро фурӯшам. Кадом ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани шартномаи хариду фурӯш дар идораи нотариалӣ ба ман лозиманд?
Ҷавоб:
Шумо бояд ба нотариус ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

• ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаи ин хона (шартномаи хариду фурӯш, ҳадя, иваз, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст; ордер ба хонаи шахсӣ, ки аз тарафи мақомоти иҷроия ҳокимият дар ҷойҳо (Ҳукумат) дода шудааст);
• шаҳодатномаи қайд ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси онҳо шумо ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба хонаи мазкур пайдо кардед;
• маълумотнома оиди арзиши бегона кардани хона аз Корхонаи Барӯйхатгирии Техникии ноҳиявӣ (КБТИ);
• аризаи хаттии ҳамсар оиди розӣ будан барои фурӯши хонаи мазкур (агар хонаи мазкур моликияти умумии ҳамсарон бошад);
• шиноснома;
• шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ.

Савол:
Ман аз ҳамсаран ҷудо шудаам, аз оиладории якҷоя мо як фарзанд дорем. Баъди бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарам оиди рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат кард. Дар муддати 2 сол ман ҳар моҳ алиментро ба миқдори 110 сомонӣ пардохт карда истодаам, аммо ҳамсарам барои дидорбинии фарзанд иҷозат надода истодааст. Чӣ бояд кард дар ин ҳолат?
Ҷавоб:
Албатта, ҳар як волидайн ҳуқуқ барои муошират бо фарзанд дорад, аммо ин ҳуқуқ аз тарафи собиқ ҳамсаратон вайрон шуда истодааст. Шумо метавонед ба суд бо ариза оиди муайян намудани вақт ва рӯзи муошират бо фарзанд муроҷиат намоед. Суд монеъагиҳое, ки аз тарафи собиқ ҳамсаратон вуҷуд доштаро бартараф намуда, вақт ва мӯҳлати муошират бо фарзандро муайян менамояд.

Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019