Дар бораи мо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Тақвим
«  Сентябр 2019  »
ДшСшЧшПшҶмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30


Бойгонии хабарҳо


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 295


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


This is an example of a HTML caption with a link.
Ташкилоти   Ҷамъиятии «Инис»
Шиор: Бо афзоиши дониш, имконияти худро зиёд мекунӣ.
Мақсади ТҶ «ИНИС»
Мусоидат намудан ба фаъолгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани онҳо ба ҳаракати умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуҳуқи инсон, боло бардоштани сатҳи маърифати ҳуҳуқии аҳолии тавассути тарғиби меъёрҳои асосии вобаста ба амалсозии ҳуқуки инсон (аз ҷумла хуқуқҳои башардӯстона) мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳони муайян намудааст ва дар аҳдномаи мухталифи байналхалқи нишон дода шудааст.

Вазифаи мо
ТҶ «Инис» ба фаъолгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани онҳо ба ҳаракати умумиҷаҳонии ҳимояи  ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд. Арзишҳои ташкилот:
  • эҳтироми тарафайн
  • муттаҳидӣ
  • кордонӣ
  • боварии мизоҷон
  • обрӯи ташкилот
  • ташаббускорӣ
  • самарабахшӣ
Барои ки мо кор мекунем?
  • шаҳрвандони камбизоат;
  • занҳо;
  • нафақахурон;
  • маъюбон;
  • хизматчиёни ҳарбӣ;
  • хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таҳсилоти миёна;
  • кормандони ҷамоатҳо;
  • намояндагони мақомотҳои давлатӣ.
Таърихи ташкилот
Ташкилоти мо «Инис» ном дошта, ташкилоти мустақили ҳимояи ҳуқуқ мебошад, ки байни худ ҳуқуқшиносони ҷавон, адвокатҳо, донишҷӯён-коромӯзонро барои баланд бардоштани дониши ҳуҳуқии мардум, беҳтаркунии дастрасии гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон барои мардуми камбизоат, мусоидат намудан барои пешравии маълумоти юридикӣ, паҳнкунии маълумотҳои ҳуқуқӣ, омӯзонидан ва ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи ҳуқуқӣ оиди ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро дар бар гирифтааст.
Ташкилоти мо соли 2005 бо дастгирии Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрикоии (АВА) (СИИЛИ) таъсис дода шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2005 ба қайд гирифта шуда, 18 декабри соли 2007 аз сари нав ба қайд гирифта шудааст. Мо фаъолияти худро дар тамоми миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда истодаем. Идораи болоии мо дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, Филиал дар шаҳри Хуҷанд ва офисҳо дар шаҳри Курғон-теппа ва ш .Кулоб дорем.
Мо  барои тараққӣ ва боло бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии, тайёр кардани пешниҳодҳо тавассути тарғиби меъёрҳои асоси вобаста ба амалсозии ҳуқуқи инсон, омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи оиди ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, тайёр кардани тавсияномаҳо оиди такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоем.

Сохтори ташкилии Ташкилоти Ҷамъиятии «Инис»
Мақомоти олии роҳбарикунандаи «Инис» Маҷлиси умумии аъзоёни «Инис» мебошад, ки аз ҷониби Раис на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Аъзоёни ТҶ «Инис» зиёда аз 15 нафар мебошанд. Ба ваколатҳои ниҳоии Маҷлиси умумии «Инис» инҳо мансубанд:
  • Тасдиқ кардани Оинномаи «Инис», ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо;
  • Қабул кардани қарор дар бораи ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани «Инис»;
  • Қабул кардани қарор дар бораи таъсис додани филиалҳо ва намояндагии «Инис»;
  • Интихоб намудани Раиси «Инис», ҷонишини Раиси «Инис»;
  • Шунидан ва тасдиқ намудани ҳисоботҳои Раиси «Инис», комиссияи тафтишотӣ;
  • Интихоб намудани комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ;
  • Муҳокима ва тасдиқ намудани барномаҳои дарозмӯҳлати фаъолияти «Инис».
Фаъолияти рӯзмарраи «Инис»-ро дар фосилаи Маҷлиси умумии «Инис» Раиси «Инис» пеш мебарад. Раиси «Инис» дар Маҷлиси умумии «Инис» бо овоздиҳии оддии аксарияти иштирокчиёни аъзоён дар Маҷлиси умуми ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад. Раиси ТҶ «Инис» Сафарова Гулбаҳор Азизовна мебошад.

Раиси «Инис» ваколатдор аст:
  • Амалии гаштани барномаи фаъолияти «Инис»-ро таъмин намояд;
  • Ба фаъолияти «Инис» роҳбари намояд;
  • Вазифаҳои ташкилӣ-тақсимотиро иҷро намояд;
  • Аз номи «Инис» аҳдҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқиро ба имзо расонад;
  • Аз номи «Инис» ба ҳуҷҷатҳои зарури имзо гузорад;
  • Дар бонкҳо суратҳисобҳо, суратҳисоби асъори хориҷӣ ва дигар суратҳисобҳоро таъсис диҳад;
  • Аз номи «Инис» ваколатнома диҳад;
  • Дар мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, ташкилотҳои ҷамъияти «Инис»-ро бевосита намояндагӣ кунад;
  • Фармонҳо ва қарорҳо барорад;
  • Маҷлиси умумии «Инис»-ро даъват намуда, хуҷҷатҳоро омода созад;
  • Аз номи «Инис» бо кормандони «Инис» шартномаҳои меҳнатӣ ба имзо расонад ва ё бекор намояд;
  • Тартиби пардохти маоши кормандонро  муайян намояд;
  • Рӯйхати воҳиди кориро тасдиқ намояд;
  • Амвол ва воситаҳои маблағии «Инис»-ро баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди ташкилот гузошташуда ихтиёрдорӣ намояд;
  • Фаъолияти хоҷагӣ ва молиявии «Инис»-ро роҳбарӣ намояд.
Барои назорати фаъолияти молиявии «Инис» ташкилот Комиссияи тафтишоти дорад. Комиссияи тафтишоти дар Маҷлиси умумии аз ҳисоби аъзоёни «Инис» бо теъдоди на камтар аз 3 нафар – раиси комиссияи тафтишотӣ, котиб ва аъзоёни комиссия, ба мӯхлати 2 сол интихоб карда мешаванд.

Ваколатҳои Комиссияи тафтишотӣ:
  • Фаъолияти молиявии «Инис»-ро  назорат мебарад;
  • Ҳар сол фаъолияти молиявии «Инис»-ро тафтиш карда, ҳисоботро дар бораи тафтишотӣ гузаронидашуда барои тасдиқ ба Маҷлиси умуми пешниҳод менамояд;
  • Ҳуқуқи аз Раис ва аъзоёни «Инис» талаб кардани хуҷҷатҳое, ки ба фаъолияти оинномавӣ ва молиявии «Инис» тааллуқ бударо дорад.
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019