Лоиҳаҳo
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Тақвим
«  Ноябр 2019  »
ДшСшЧшПшҶмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930


Бойгонии хабарҳо


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 297


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


This is an example of a HTML caption with a link.
Лоиҳа: «Марказ оиди расонидани ёрии ҳуқуқи ба занҳо»
Муддат: с. 2005 – 2006

Маблағгузор: Бюро оиди демократия, Ҳуқуқҳои инсон ва меҳнат Депертаменти давлатии ШМА.
Мақсади лоиҳа: Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон барои занҳои камбизоат ва қурбониёни хушунат.
Фаъолияти лоиҳа: Семинарҳо бо мақсади асосии баланд бардоштани шуури ҳуқуқии занҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ дар шаҳрҳои Курғон-теппа, Шаҳритуз, Истаравшан, Хуҷанд дар байни занҳо ва фаъолони маҳалла, кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила гузаронида шудаанд.
Натиҷаҳои лоиҳа: ТҶ «Инис» ба 1407 зан ёрии ҳуқуқи расонидааст, ки аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ (аризаҳои даъвогҶӣ, шикоятҳо), намояндагӣ дар суд ва дигар мақомотҳои давлатӣ аз номи занҳои муроҷиат намуда.


Лоиҳа: «Ҳимояи ҳуқуқи моликият»
Муддат: с. 2008 – 2009
Маблағгузор: Комиссия оиди тараққиёти демократия дар назди Сафорати ШМА дар Тоҷикистон.
Мақсади лоиҳа: Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳоли дар соҳаи қонунгузории манзилии Тоҷикистон. Гирифтани ёрии ҳуқуқии сифатнок аз тарафи шаҳрвандоне, ки бо муаммоҳои қонунгузории манзили аз рӯи саволҳои «сохтмони худсарона» дучор гардидаанд.
Фаъолияти лоиҳа: Ҳуқуқшиносон аз рӯи лоиҳаи мазкур ба шаҳрвандон семинарҳо гузаронида, чи будани сохтмони худсарона, чи тавр ҳуқуқи соҳибмулкиро ба сохтмони худсарона ба тартиб дароварда мешавад ва инчунин қонунигардонии молу мулкро фаҳмонида доданд. 2000 теъдод буклет, ки дар он маълумот оиди тартиби қонунигардонии молу мулк вуҷуд дошт, паҳн карда шуд.
Натиҷаҳои лоиҳа: Натиҷаи асосии лоиҳа ин расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи молумулкии онҳо аз тарафи мақомотҳои давлати ва суди поймол карда шудааст.


Лоиҳа: «Расонидани ёрии ҳуқуқи ба қурбониёни хушунат»
Муддат: с. 2008
Маблағгузор: Комиссия оиди тараққиёти демократия дар назди Сафорати ШМА дар Тоҷикистон.
Мақсади лоиҳа: Баланд бардоштани маълумотнокии ва таъмини дастрасии қурбониён ба усулҳои ҳимоя аз зуровари дар оила. Пешниҳод намудани ёрии аввалини ҳуқуқи ба занҳое, ки дар ҳолати буҳронӣ мебошанд.
Фаъолияти лоиҳа: «Базаи маълумотӣ», ки дар он муроҷиат ва аризаҳои шаҳрвандони ба хушунат дучор гардида қайд карда мешуд, вуҷуд дошт. Дар базаи маълумоти ҳамаи маълумоти омори аз рӯи муроҷиаткунандагони қурбониёни хушунат ҷамъ ва таҳлил гардида, сабабҳои асосии қатъ гардидани парвандаҳои ҷинояти оиди зуровари нисбати занҳо тааллуқ дошта, ошкор карда мешуд. Маълумот аз рӯи ҳамаи намуди ҷиноят, ки бо зуровари нисбати занҳо алоқаманд буд, ҷамъ карда мешуд. Натиҷаҳои манфи ва мусбии баррасии парвандаҳо дар рӯзномаҳо, васоити ахбори омма чоп карда шуда, ба зуровари нисбати занҳо ҳамчун поймол шудани ҳуқуқи инсон диққати махсус дода мешуд.
Натиҷаҳои лоиҳа: Дар рафти амалишавии лоиҳа ба 256 қурбониёни хушунат маслиҳати ҳуқуқи пешниҳод гардида, 16 парвандаи суди бо муваффақият ҳалли худро ёфт, ки дар он ҳуқуқои шаҳрвандони ба хушунат дучор гардида, ҳимоя карда шуд.


Лоиҳа: «Баробар ҳуқуқии гендери тавассути мурофиаҳои судии стратегӣ»
Муддат: с. 2009 – 2011
Маблағгузор: Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрикои Ташаббуси Волоияти Ҳуқуқи
Мақсади лоиҳа: Баланд бардоштани риояи баробарҳуқуқии гендерӣ ва такмилдиҳии механизмҳои ҳуқуқи барои ҳимояи ҳуқуқи занон дар деҳот.
Фаъолияти лоиҳа: Дар деҳот клиникаҳои ҳуқуқии ройгон гузаронида шуда, маводҳои маълумоти тайёр карда шуда, бо ташаббус парвандаҳои судии стратегӣ ва тренингҳо гузаронида шуданд. Барнома дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Файзобод амали гардонида шуд.
Натиҷаҳои лоиҳа: Таъмин намудани занҳои деҳот бо ахборот ва маълумот оиди ҳуқуқҳои онҳо. Муқобилият ба одат ва хурофот нисбати занҳо, ки ҳамчун мамоният барои амалишавии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар хизмат мекунанд.


Лоиҳа: «Ислоҳоти замин ва ҳуқуқҳои заминистифодабарандагон»
Муддат: апрел-декабр с. 2011
Маблағгузор: SDC
Мақсади лоиҳа: Расонидани ёрии ҳуқуқи ба хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии заминистифодабарандагон дар ноҳияи Ѓончии вилояти Суғд
Фаъолияти лоиҳа: Дар байни аъзоёни хоҷагиҳои деҳкони, раисони хоҷагиҳои деҳқони ва коргарони кироя 108 семинарҳои омузиши гузаронида, дар он 4369 нафар иштирок намуданд, ки 3121 нафарро мардҳо ва 1248 нафарро занҳо ташкил медоданд. Дар рафти амалишавии лоиҳа барои шахсони мансабдор, ки фаъолияти онҳо бо замин вобаста аст – намояндагони мақомоти давлати дар ноҳия, кормандони кумитаи замин дар ноҳия, раисони ҷамоатҳо, муҳандисон-заминсозон бо иштироки шахсони номдори ноҳия ва аъзоёни фаъоли хоҷагиҳои деҳқони тренингҳои омузиши гузаронида шуд. Дар ин тренингҳо 137 нафар иштирок намуда, аз онхо 132 нафарро мардҳо ва 5 нафарро занҳо ташкил медоданд. 7 миззи мудаввар гузаронида шудааст, ки дар он муовини раиси ноҳия, прокурори ноҳия, сардори Кумитаи кишоварзии ноҳия, намояндагони Кумитаи замин, Кумитаи андоз, Оҷонсии омор, Суди иқтисодӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд. Дар рафти миззи мудаввар механизми ҳалли муаммоҳое, ки дар байни раисон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқони вуҷуд дошт, коркард карда шуд.
Натиҷаҳои лоиҳа: Баланд бардоштани бохабарии юридикии фермерон ва роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ. Зиёда аз 1500 теъдод буклетҳои маълумоти бо забонхои тоҷикӣ ва узбекӣ паҳн карда шуд.


Лоиҳа: «Паст намудани зуровари нисбати занҳо»
Муддат: апрел – июн соли 2006
Маблағгузор: SDC
Мақсади лоиҳа: Дар якҷояги бо «Гуруҳи тараққиёти иҷтимоӣ» Дастурамал «Ҷиҳати ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи занҳо» тайёр карда шуд, инчунин дар асоси дастурамали мазкур барои занҳои Ташкилотҳои ғайридавлатии маҳали ва кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳо гузаронида шуд.


Лоиҳа: Китобҳои дарси «Занҳо дар сиёсат: ҳуқуқ ва имкониятҳо» дар силсилаи «Китобхонаи шахсии зан: чиро ман бояд донам оиди ҳуқуқҳои худ», «Ҳуқуқҳои зан дар низоъҳои яроқдор».

Муддат: с. 2007
Маблағгузор: Бюрои СММ оиди мусоидат намудани сохтмони сулҳ дар Тоҷикистон.
Натичаҳои лоиҳа: Рисолаҳои «Ҳуқуқҳои сиёсии занҳо» ва «Зуровари нисбати занҳо» тайёр карда шуд.


Лоиҳа: «Дастраси ба адолат ва ислоҳоти судӣ»
Муддат: с. 2006 – 2012
Маблағгузор: SDC (Ассотсиатсияи Швейтсари оид ба рушд ва ҳамкори дар Тоҷикистон)
Мақсади лоиҳа: Мусоидат намудан ба баланд бардоштани эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи табақаҳои камбизоати аҳоли дар Тоҷикистон бо роҳи мустаҳкамии волоияти қонун ва дастраси ба адолат.
Фаъолияти лоиҳа: Яке аз қисмати лоиҳа – расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии камбизоат ва аз руи зарурат дар суд намояндаги карданро панҷ ташкилоти ҷамъияти амали менамоянд.
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019