Фаъолият
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Тақвим
«  Июл 2019  »
ДшСшЧшПшҶмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031


Бойгонии хабарҳо


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 294


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


This is an example of a HTML caption with a link.

Фаъолият

Дар айни замон мо фаъолияти худро  аз рӯи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат ва ислоҳоти судӣ», ки аз тарафи раёсати Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) филиали Ассотсиатсияи  «Ҳелветас»  Свисс Интеркоорпорейшен иҷро карда истодааст, бурда истодаем.

Мақсади лоиҳа

Мусоидат намудан барои баланд бардоштани эҳтиром ва ҳимояи табақаи  камбизоати аҳолии Тоҷикистон бо роҳи устувории волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат.

ТҶ «Инис» қисмати маълумотии лоиҳаро амалӣ намуда, барои беҳтар гардонидани дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгон ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии табақаи камбизоати аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ташкилоти Ҷамъиятии «Инис» сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ гузаронида, маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгонро дар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ш.Хуҷанд, инчунин дар вилояти Хатлон иҷро карда истодааст.

Бисёре муаммоҳои ҳуқуқӣ  дар байни шаҳрвандон аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ ва тарзи ҳимояи он ба миён меоянд. Мавзӯъҳои сессияҳои маълумотӣ аз саволҳои ҳуқуқие, ки дар базаи маълумотӣ аз тарафи ташкилотҳои ҳамкорӣ ба қайд гирифта мешаванд ва аз саволҳое, ки шаҳрвандон оиди он маълумоти ҳуқуқӣ надоранд, тартиб дода мешаванд. Мувофиқи натиҷаи таҳлили база барои солҳои 2009-2011 ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» муайян гардид, ки дар байни шаҳрвандон бисёр масъалаҳо оид ба қонунгузории оила ба миён меояд ва аз ин сабаб мо сессияҳоро аз рӯи мавзӯъҳои «Қонунгузории оилавӣ» ва «Ҳуқуқ ба мерос» гузаронида истодаем.

Маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо аз рӯи меъёри зерин интихоб карда мешаванд:

  • Шумораи аҳолӣ ва ҷойгиршавии маҳаллаҳо;
  • Аз талабот ва эҳтиёҷи шаҳрвандони камбизоат дар доираи ҳуқуқ;
  • Вуҷуд доштани ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон дар ин ё он минтақа (бо кадом шумора);
  • Баъди гузаронидани вохӯрӣ бо раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо, ҳар як масъалаи ин ё он маҳалла дар алоҳидагӣ ба назар гирифта шуда, маҳаллаҳои сераҳолӣ, ки дар он асосан шаҳрвандони камбизоат истиқомат намуда, эҳтиёҷоти гирифтани маълумот ва маслиҳати ҳуқуқӣ доранд;
  • Дар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо тренинг ва семинарҳо дар мавзӯъҳои «Қонунгузории оилавӣ» ва «Ҳуқуқ ба мерос» аз тарафи дигар ташкилотҳо гузаронида шуда буд ё не?

Дар давраи амалӣ намудани лоиҳа Ташкилоти Ҷамъяитии «Инис» алоқа ва шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ бо зиёда аз 68 раисони маҳаллаҳо, Шӯрои занон, Ҳукуматҳо, Кумитаи кор бо занон дар ноҳияҳои Шоҳмансур, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, А.Сино ва шаҳри Душанбе, дар ноҳияҳои тобеи марказ бо 53 раисони ҷамоатҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳиссор ва ғайраҳо, дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Спитамен, Ғончӣ ва Ҷ.Расулови вилояти Суғд барпо кард. Дар тӯли амалишавии лоиҳа ҳуқуқшиносони ТҶ «Инис» бо раисони маҳаллаҳо, ки барои ташкил намудани сессияҳои маълумотӣ ёрии худро расонида, ба назди ҳуқуқшиносон шаҳрвандони муаммоҳои ҳуқуқӣ доштаро барои гирифтани маслиҳатҳо ирсол мекарданд, муносибатҳои ҳамкориро ба танзим дароварданд.

Раисони маҳаллаҳо барои ҷалб намудани диққати ҷамъият ба чорабиниҳо ба монанди сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ роли якуминдараҷаро мебозанд.

Ҳар як раиси маҳалла кӣ ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доштанро медонад ва ба ӯ мусоидат менамояд, ки хусусан ин шаҳрвандон дар сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ иштирок намоянд. 

Ҳар маҳалла муаммоҳои худ, сатҳи маърифатии аҳолӣ, сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва ғайраро дорад. Дар сессияҳои маълумотӣ ҳуқуқшиносон методҳои гуфтугӯ, мини-лексияҳо, саволу ҷавоб, ҳуҷуми зеҳнӣ ва ғайраро истифода мебаранд.

Дар муддати фаъолияти лоиҳа солҳои 2009-2011 дар чорабиниҳои маълумотиро 41239 шаҳрвандон иштирок карданд. 1728 сессияҳои маълумотӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳиссор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Файзобод гузаронида, дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Румӣ, Кӯлоб, Восеъ, Мӯъминобод, дар вилояти Суғд ҷамоатҳои шаҳраки Ғафуров, Қистақӯз ва Овчи-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоатҳои Гулхона, Янгиҳаёт, Ӯзбекқишлоқ, Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҷамоатҳои шаҳраки Ғончӣ, Ғазантарак, Яхтан, Далёни боло ноҳияи Ғончӣ дарбар гирифта шуд.

Маълумоти мухтасар дар бораи комёби ва натиҷаҳои ТҶ «Инис»

ТҶ «Инис» натиҷаи  2 Чаҳорчубаи мантиқии марҳалаи 6, ки беҳтаршавии дастраси ба ёрии ҳуқуқии касбии ройгон ва баланд бардоштани воқифии ҳуқуқи аз тарафи гуруҳҳои нозуки аҳоли, аз ҷумла занҳо, зимнан дар назар дорад, амал менамояд.

Комёбиҳо

Ташкилот аз соли 2009 фаъолияти нави махсусро дар лоиҳа амали карда, бо ин самти нави перспективи барои тараққиёти худи ташкилот ва лоиҳа ба пурраги интихоб намуд. ТҶ «Инис» яке аз ташкилотҳое, ки чорабиниҳои маълумотӣ-ҳуқуқиро дар сатҳи касби мегузаронад, мебошад.

Натичаҳо

Ташкилот чорабиниҳои маълумотиро  бо ҳисоби таҳлили базаи маълумотии муаммоҳои ҳуқуқии шаҳрвандон мегузаронад. Таҷрибаи маслиҳатдиҳии шаҳрвандонро аз рӯи ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ дорад. Аз рӯи 14 мавзуъҳои ҳуқуқи модул навишта шудааст. Ба ҳуқуқшиносон малакаи тренери омузонида шуд, ки маводҳои ҳуқуқиро дар сессияҳо ба шаҳрвандон хеле хуб пешниҳод менамоянд, ки ин аз пурсишнома баъди гузаронидани чорабини дида мешавад. Чорабиниҳои мазкур сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд мебардоранд (варақаи пурсиш). ТҶ «Инис» барои се сол нақшаи стратегии худро коркард намуд, ки мақсади берунаи он расонидани ёрии ҳуқуқии босифат ба табақаи камбизоати аҳоли бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои ҳуқуқи ва гузаронидани  чорабиниҳои маълумоти мебошад.

Тавсияҳо

Мутобиқат намудани кор бо дигар ташкилотҳо, ки қисмати маълумотӣ-таълимиро амали менамоянд. Амали намудани чорабиниҳои муштарак бо лоиҳаи PDV Зарур аст, ки чорабиниҳо оиди ноилшавии мақсадҳои стратегӣ давра ба давра ҷори карда шаванд.

Кор бо намояндагони мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи ва маҳаллӣ

Комёбиҳо

Мақомотҳои ҳокимияти иҷроия лоиҳаи «Дастраси ба адолат ва ислоҳоти судӣ»-ро дастгири намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқи ва пешрафти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Натичаҳо

Дар давраи лоиҳа бо ҳукуматҳою ҷамоатҳо муносибатҳои мустаҳкам ба роҳ монда шуд, ки ин бо якдигарфаҳми ва ҳамкори дар мавзуи пешрафти маълумоти ҳуқуқи оиди ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ба вуҷуд оварда мешавад. Талабот ва шавқ аз тарафи мақомотҳои давлати дар соли 2011 зиёд шудааст ва ин аз он дида мешавад, ки ҷамоатҳо зарурат ва шавқи зиёд барои пешниҳод намудани маслиҳатҳо ва маълумоти ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи онҳо истиқомат намуда истодаанд, дорад. Ин аз он иборат мебошад, ки дар чамоатхо вохиди хукукшинос ва дастраси ба сарчашмаи ройгон оиди гирифтани маълумоти ҳуқуқи мавчуд нест. Ташкилот ба суроѓаи худ барои фаъолияти иҷро кардааш аз 18 ҷамоат мактубҳои сипосномавӣ қабул кард.

Тавсияҳо

Мақомотҳои ҳокимияти иҷроия бояд воҳиди кории ҳуқуқиро оиди пешниҳод намудани хизматҳои ҳуқуқи ба шаҳрвандон дар ҷамоатҳо зиёд намоянд. Ташкил кардани тренингҳо барои кормандони ҷамоатҳо бо мақсади шинос намудан бо қонунҳои нави қабулшуда. Дар сатхи махалли ташкил намудани чорабинихои гуногуни хукуки (аксияҳо, викторинаҳо, сухбатҳо)

Чорабиниҳои таълимӣ дар мактабҳо байни талабагони синфҳо 8-11

Комёбиҳо

Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолии, аз ҷумла бачагон, ноболиѓон ва занҳо. Категорияи шаҳрвандони мазкур нозук мебошад ва ба он диққати зиёд ҷалб намудан лозим аст аз ҳисоби баромадани муаммоҳои ҳуқуқи (базаи маълумотӣ).

Натичаҳо

Дар рафти гузаронидани сессияҳои  маълумотӣ талабот оиди баланд бардоштани дониши ҳуқуқии мактаббачагон дида мешуд, зеро бисёр муаммоҳои оилави аз хурдсоли ба миён меоянд. Масалан, бисёриҳо аз чандсолаги ба шавҳар баромадан мумкин аст, кадом шартҳо дар вақти бақайдгирии никоҳ бо қонун муқаррар карда шудаанд, инчунин никоҳ чистро намедонанд. Дар аввал бояд вайроншавии ҳуқуқро пешгири намудан лозим аст, на ин ки муаммоҳои ҳуқуқии пайдогардидаро ҳал намудан. Барои мактаббачагони синфҳои 7-11 26 дарси ҳуқуқи бо мавзӯъҳои: «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фарзандон ва падару модарон», «Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиѓон, Мафҳуми ҷиноят», «Ҳуқуқҳои меҳнатии ноболиѓон», «Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷавобгарии он» гузаронида шуд. Ташкилот аз муассисаҳои мактаби 7 мактуб оиди дар мактабҳо гузаронидан ва доими кардани дарсҳои таълимӣ аз рӯи дигар мавзӯъҳо кабул кард.

Тавсияҳо 

Аз тарафи Вазорати маориф коркард карда баромадани барномаи ҳуқуқи бо ҳисоби шавқи талабон бо татбиқи методҳои гуногуни пешниҳод намудани маълумоти ҳуқуқи (интерактив), балки лексия. Ба тартиб даровардани барномаи таълими дар соҳаи омузонидани асосҳои дониши ҳуқуқӣ. Зиёд ва ҷалб намудани ҳуқуқшиносон-тренерони касби барои гузаронидани дарсҳои таълимӣ. ТҶ «Инис» барои фаъолият бурдан дар ин самт тайёр мебошад. Аз тарафи ВА гузаронидани чорабиниҳо оиди беҳтаркунии дониши ҳуқуқии омузгорони мавзӯъи ҳуқуқи «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ».

Тренингҳо

Комёбиҳо

ТҶ «Инис» муаммоҳои ҳуқуқии муайянгардида ва камбуди дар қонунгузориро таҳлил намуда, вохурӣ ва тренингҳои якчоя барои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ гузаронида истодааст, ки дар рафти он тавсияҳо ва роҳи ҳалли муаммоҳои ҳуқуқии шаҳрвандони камбизоат ошкор карда мешаванд.

Натичаҳо 

Талабот оиди гузаронидани тренингҳо аз тарафи ҳуқуқшиносони ТҶ «Инис» хеле зиёд шудааст. Барои кормандони макомотҳои САҲШ, ҷамоатҳо, комиссариати ҳарби ва раисони маҳаллаҳо тренингҳо гузаронида шуда буданд. Мавзӯъҳои тренинг аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон ба ҳуқуқшиносони идораҳо интихоб карда шуда буд. Дар рафти тренинг муаммоҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳудуди тартиби муқаррар намудани падарӣ, роҳ додан ба хатогиҳо аз тарафи кормандони ҷамоат дар доираи тартиби муроҷиати шаҳрвандон ва ѓайра муҳокима гардид.

Тавсияҳо

 

Ба Мақомотҳои иҷроияи ҳокимият ва шӯъбаҳои САҲШ тренингҳо оиди шарҳ ва тафсирдиҳии конунҳои ҶТ гузаронида шаванд. ТҶ «Инис» фаъолияти худро оиди гузаронидани тренингҳо аз рӯи дигар муаммоҳои ошкоргардида давом дода истодааст.

Баланд бардоштани потенсиали кормандон

Комёбиҳо

Дар тӯли амалишавии лоиҳа баланд бардоштани потенсиали ҳуқуқшиносон ва омӯзонидани малакаи тренери баҳри бо самар амалишавии қисмати маълумотӣ.

Натичаҳо

Барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҳуқуқшиносон 42 тақдим (презентация) гузаронида шуд. Барои муайян намудани эҳтиёҷ ва талаботи ҳуқуқшиносон аттестатсияи коркунон гузаронида шуд. Самтҳо барои беҳтар гардонидани камбудиҳои ошкоргардида бо роҳи гузаронидани мубодилаи таҷрибаи гуруҳҳои ҳуқуқшиносон ва тайёр намудани мавзуъҳо барои тақдимкуни коркард карда шуд. Ҳуқукшиносон мавзӯъҳо ва маводҳои тақсимшавандаро барои гузаронидани сессияҳо ва дарсҳои ҳуқуқи  барои хонандагони синфҳои болои ва шунавандагони калон коркард карда баромадан. Дар рафти амалишавии лоиҳа ҳуқуқшиносон дар тренингҳои «Методикаи интерактивии омӯзонидани шунавандагони калон», «Усули базавии медиатсия» ва ѓайра омӯзонида шуданд.

Тавсияҳо

Гузаронидани тренингҳо барои баланд бардоштани малакаи ҳуқуқшиносон оиди фасилитатсия ва ѓайра. Гузаронидани тренинг дар соҳаи қонунгузории замин. Гузаронидани аттестатсияи коркунон соле 1 маротиба. Мубодила байни ташкилотҳои ҳамкор ва байни идораҳо.

Варакаҳои пурсиш ва пурсишномаҳо

Комёбиҳо

Доштани натиҷаҳои миқдори ва сифати, ки бояд қобили андоза, реалистӣ ва кушоду равшан бошанд. Ин натиҷаҳои ба дастовардаро оиди амалишавии сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқиро ба таври объективи нишон медиҳад.

Натичаҳо

Дар рафти марҳилаи 6 ташкилот механизми  мушоҳида кардани нишондиҳандаҳои  миқдори ва сифатии фаъолияти лоиҳаро оиди баланд бардоштани воқиф будани шаҳрвандони камбизоатро коркард карда баромад. 2177 шаҳрванд пурсида шуда, натиҷаи сифати аз рӯи пурсиш кабул карда шуд. Натичаҳо дар ҷадвал оварда шудаанд.

Тавсияҳо

ТҶ «Инис» бояд дар итмоми марҳала тадқиқи ҳамаи натиҷаҳои гирифтаро гузаронад. Инчунин дигар тарзҳо оиди гирифтани маълумот оиди пурсиши шаҳрвандонро татбиқ намояд. Маълумоти пурсишномаҳоро аз рӯи минтакаҳо барои муқоиса намудани вазъияти ба миён омада чоп намуда, ба шахсони манфиатдор пешниҳод намудан.

Саволҳои гендерӣ

Комёбиҳо

Чудо кардани диккати махсус ба табакаи нозуки ахолии, хусусан ба занхо оиди гирифтани маълумот ва маслихатхои хукуки, ки аксаран аз сабаби холати ичтимоии худ ин имкониятро надоранд. 

Натичаҳо

Дар вақти гузаронидани сессияҳо бисёртар занҳо иштирок мекунанд. Сабаби ин дар он мебошад, ки дар оилаҳои тоҷик таъминкунандаи асосӣ ва ягона мардҳо мебошанд. Занҳо соҳибхоназан буда бо тарбияи фарзандон машѓуланд, чунки мардҳо аз рӯи ақидаи дини ба онҳо барои кор кардан иҷозат намедиҳанд. Қисми зиёди аҳолии мардон дар муҳоҷирати меҳнати берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда солҳо-солҳо ба хонаашон намеоянд. Боз яке аз сабаби шумораи зиёд иштирок намудани занҳо дар сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқи – ин сустии занҳо мебошад, ки аз сабаби қатори муаммоҳо наметавонанд ё ин ки имконият барои истифода бурдани ҳуқуқҳои худ надоранд. Сессияҳо аз тарафи гуруҳҳо бурда мешаванд, ки ин шахсони ду ҷинс – мард ва зан мебошанд, то ки маълумот ба ҳама дастрас буда, ҳар як шахс дар алоҳидаги сӯҳбат намуда, маслиҳати ҳуқуқиро гирифта тавонад

Тавсияҳо 

Аз тарафи ТҶ «Инис» ҷалб кардани мардҳо барои иштирок намудан дар сессияҳои маълумотӣ. Аз тарафи Кумитаи кор бо занон дар минтакаҳои гуногун гузаронидани чорабиниҳои таълими байни занҳо ва духтарони ба синни никоҳи расида. Ҳамрох бо лоиҳаи PDV гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ барои занҳо.

СМИ Васоити ахбори омма

Комёбиҳо

Паҳн кардани маълумот оиди ҳуқуқ  ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудааст, бо татбиқи методҳои гуногуни паҳн намудани маълумот. Мусоидат намудан ба дастрасии маълумоти ҳуқуқи аз тарафи шаҳрвандони камбизоат, ки онҳо пас аз гирифтан он ҳуқуқҳои худро амал карда тавонанд.

Натичаҳо

Нисбат ба марҳалаи пешинаи лоиҳа ташкилот баннерҳои маълумотиро дар ҷамоатҳои дурдаст паҳн кард, ки барои гирифтани маълумот оиди лоиҳа ва хизматҳои он имконият дод. Аз рӯи муаммоҳои дардмандшудаи шаҳрвандон дар рӯзномаҳо маколаҳо чоп гардиданд. Ҳармоҳа ҳуқуқшиносон дар барномаҳои радио иштирок карда истодаанд. Ҳаррӯз брощюраҳо аз рӯи қонунгузории оилавӣ ва меросӣ паҳн карда истодаем.

Тавсияҳо 

Зарур аст, ки кор бо васоити ахбори омма пурзуртар карда шавад. Инчунин дигар тарзҳо оиди паҳн намудани маълумот дар ноҳияҳое, ки дастрасӣ ба барномаҳои телевизиони ва радио нест, татбиқ карда шавад. Аз рӯи муаммоҳои ҳуқуқии шиддатнок видеороликҳо оиди фаҳмонида додани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамчун усули аёни тайёр карда шавад.

Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019