Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Тақвим
«  Июл 2012  »
ДшСшЧшПшҶмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031


Бойгонии хабарҳо


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 287


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » 2012 » Июл » 30 » Маълумоти мухтасар оиди фаъолияти ТҶ "ИНИС" дар лагерҳои тобистона
22:42
Маълумоти мухтасар оиди фаъолияти ТҶ "ИНИС" дар лагерҳои тобистона
Маълумоти мухтасар оиди фаъолияти ТҶ "ИНИС"  дар лагерҳои тобистона
Вақтҳои охир шумораи содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон, алалхусус, фарзандон аз оилаҳои камбизоат, ки бо масъалаҳои ҳуқуқӣ, вобаста ба авбошӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ ва риоя накардани дигар қонунгузории кишвар дучор мегарданд, зиёд шуда истодааст. Ин шаҳодати он аст, ки ҷавонон аз дониши оддитарини доираи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ бехабаранд.
Ба ғайр аз ин, аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, нозирони минтақавӣ бо талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ва миёна корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида намешаванд. Аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ ва норасоии молиявӣ дар оила, ноболиғон маҷбур мешаванд, ки аз хурдӣ ба сифати шустушӯгари мошинҳо дар автосервисҳо, боркашон дар ширкатҳо, харида фурӯхтани телефонҳои мобилӣ дар нуқтаҳои савдои бозор, хаткашони рӯзномаҳо, фурӯшандаҳо дар мағозаҳо ва ғайра кор кунанд. Аксарияти ҳолатҳо аз сабаби синну соли ҷавонии онҳо, корфармо бо ноболиғон шартномаи меҳнатиро намебандад, сари вақт музди меҳнаташро пардохт намекунад, дар вақти ба кор қабул кардани ноболиғон имтиёзҳо ба назар гирифта намешаванд, ки ба вайрон кардани ҳуқуқҳои ноболиғон оварда мерасонад.Бинобар он, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ гузаронидани шумораи дарсҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Хуқуқҳои инсон» маҳдуд карда шудаанд, хонандагони мактабҳо маълумоти басандаро аз рӯи баъзе соҳаҳои қонунгузорӣ, ки дар он мисолҳо аз таҷриба ва муфассал ин ё он ҳуқуқҳои ноболиғон оварда намешаванд, намегиранд ва аз ҳамин сабаб сатҳи дониши ҳуқуқии хонандагон паст мебошад. Дар мактабҳои маълумоти умумӣ вақт ва шумораи гузаронидани дарсҳо маҳдуд карда шудаанд, аз ин сабаб талабагон оиди ҳуқуқҳои худ ва механизми ҳимояи он маълумоти кофиро гирифта наметавонанд. Лагер имкониятҳои зиёди асоси амалӣ дорад, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳои мувофиқати иҷтимоӣ ва сафедкунии кӯдакону наврасон ба таври мусбӣ имконият медиҳад. Дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ ТҶ «Инис» дар чор лагерҳои тобистона 52 чорабинии маълумотӣ-маърифатӣ, инчунин викторинаҳои ҳуқуқӣ ва конкурсҳо бо мусобикаҳои тӯҳфаҳо, ки барои ҷалб намудан ва баланд бардоштани шавқи бачагони синни 10-14 сола ба гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ равона шуда буд, гузаронид. Маълумоти гирифтаи наврасон дар лагерҳои тобистона ва омӯзиши кӯдакон ба тараққиёти усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳо, инчунин ба ташаккули устувории онҳо мусоидат мекунад.
Дида шуд: 881 | Илова кард: it | Рейтинг: 0.0/0
Тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019