Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 271


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Чаро чавонон баъди ба мурод расидан чудо мешаванд?

Вакте, мо оила мегуем, зери ин мафхум мухимтарин ячейкаи чамъияту давлатро мебинем. Ин аст, ки интихоби дуруст дар бунёди оила омили мухими мустахкамии чамъият ва ободии давлат аст. Аз ин ру пеш аз барпо намудани оила хар шахрванд бояд пахлухои гуногунчабхаи хаёти оилавиро мавриди омузиш карор дода, урфу одатхои милли, хурмату эхтироми тарафхо, муносибати хуби зану шавхари ва маънои  зиндагиро хуб дарк карда тавонад.  Зиндаги собит намудааст, ки ишку мухаббати чавонон масъалаи дигар асту масъалаи оила дигар. Зеро хаёт баъзан нозу инчикихои ошиконаро мебардорад аммо оила не. Сари хамин хотир дар замони кунуни бузургтарин бурд барои харду чониб ин сабр аст.  Эхтиёткор будану хамкадами хаётро хамачониба омухтан барои онхое, ки бори нахуст ба зиндаги кадам мегузоранд гумон мекунам, ки талаботи аввалиндарача аст. Бунёди боэътимоди оиларо  якдигарфахми, мухаббати байни зану шавхар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вучуд меорад. Ва бегумони ин пойдевори устуворист  барои побарчо мондани оила ва бунёди як чомеаи солим.  Вале мутаасифона дар аксар хонаводахо байни занону мардон мухаббати самими, якдигарфахми, фазои тинчу осоишта умуман вучуд надорад. Ва ин аст, ки солхои охир бинобар сабабхои гуногун бештар пароканда шудани оилахои чавон ба назар мерасанд. Сабабхои бекоршавии никохро бештари мардуми мо дар паст будани сатхи дониши тарафхо, хурмат накардани волидайни шавхар, имкониятхои васеъ надоштан барои таъмини оила асосан камбизоати, инчунин чои кори хуб надоштану мухочиратро ихтиёр кардани чавонон ба хоричи кишвар аст, ки аксари халномахои суди ишораи болоро  тасдик мекунад.  Аммо бекоршавии акди никох тамоюлхои мухталифи зиндагиро дар бар мегирад. Чуноне паст будани маданияти хукукию ахлоки сабукфикри, ба дунёи мадхуши додани чавонон ва даххо амсоли ин гуна сабабхоро метавон мисол овард. Суоле ба миён меояд, ки чаро бештаре онхое, ки хона вайрон мегарданд ба мардуми рузгорашон миёна ва сатхи зиндагиашон паст рост мегирад. Максад аз пешкаш намудани ин андешахо ба он хотир аст, ки хама руза дар  чумхуриамон шумори бекор шавии акди никох мефзояд.  Аслан дар ин нобасомонихову ба хам наомадани чуфтхои як вакт хушбахт бештар фарзандони онхо курбон мешаванд. Ба хусус агар байни зану шавхар никохи расми набошад. Ва то баркарор кардани хакикати хол занхо чи мусибату хорихоро аз сар намегузаронад. Вобаста ба урфу одатхои побарчо дигар ин зан дар хонаи волидайн алакай нуфузашро гум кардааст, баъдан хузури келинхои нав хам ба зиндагии минбадаи чунин ашхос фишори навбатиро такдим мекунад. Келинхо дар навбати худ хато фикр кардан хам намехоханд, ки ин духтар замоне дар ин хона шахси комилхукук буду имруз хам метавонад то ба рузхои хуш расидан зери таваччухи падару модар карор дошта бошад. Яъне дар навбати дигар фарзандон хиссаи худро доранд.  Муносибати сарди келинхо чангу чанчолхо байни кудакон, баъзан таънаи хамсояхо  аксари занхоро мачбур месозанд, ки ба худкуши даст зананд. Дар баъзе мавридхо шавхарон умуман зану фарзандонашонро фаромуш мекунанд тохатто хусуру хушдоманхояшонро дидан намехоханд ва сабаби пароканда шудани оилаашонро низ иброз намекунанд. Зани бечора бошад бо се чор фарзанд сарсону саргардон, зеро  саводи кофи ё ин ки маълумоте надорад, то ки тавонад фарзандонашонро нигохубин кунанд. Чи тавре ки, медонед бештари духтарон шароити дохилшудан ба донишгоххо ё омузишгохоро ба он хотир надоранд, ки дар дех саводи кофиро аз устодон нагирифтаанд ва ночор волидайн низ мачбур мешаванд, ки ба хотири урфу одатхо онхоро дар холе ба шавхар диханд, ки онхо аз тачрибаи хаёт хабар надоранд. Холатхое хастанд, ки бисёри аз духтарони чавоне, ки аз шавхаронашон чудо мешаванд ба хилаву найрангхои дугонахояшон ё ин ки барои пешбурди зиндагии худ ва фарзандонашон даст ба хар гуна чиноятхо мезананд аз он чумла фохишаги, каллоби, фуруши маводхои мухаддир, фарзандфуруши ва окибати ин коро намеандешанд, ки онхоро танхо махбас интизор аст. Баъзе аз занхое хастанд, ки  дар зиндаги ба душворихо ру ба ру мешаванд намедонанд ба кучо мурочиат кунанд ва чи гуна маслихати хукуки гиранд. Дар шахри Кургонтеппа ташкилотхое, мавчуд хастанд, кисме аз онхо ба дастгирии шахрвандон, машгул буда асоси фаъолияташонро маслихатхои хукукии ройгон ба оилахои камбизоат ташкил менамояд. Аз чумла ташкилоти чамъиятии "ИНИС"  аз соли 2009 то инчониб фаъолияти худро аз руи лоихаи "Дастраси ба адолат ва ислохоти суди", ки аз тарафи филиали Ассотсиатсияи "Хелвитас" Свисс Интеркорпорейшн ичро карда мешавад, бурда истодааст. Максади асосии Ташкилоти чамъиятии "Инис" ин баланд бардоштани маърифати хукукии мардум, бехтаркунии дастрасии ахолии камбизоат барои гирифтани ёрии хукуки аз руи конунгузории Чумхурии Точикистон, мусоидат намудан ба инкишофи маълумоти хукуки ва пахн намудани ахбороти хукукист равона шудааст. Таи ду сол аст, ки ин ташкилот дар шахри Кургонтеппа фаъолият дорад ва дар бисёр шахру нохияхои вилоят аз он чумла шахри Кургонтеппа шахри Сарбанд нохияхои Бохтар,Чалолиддин Руми, Абдурахмони Чоми сессияхои маълумоти хукуки ва додани маслихатхои хукукии ройгонро дар байни ахолии камбизоат мегузаронанд. Ба ташкил ва гузаронидани чунин сессияхо ва даъват намудани ахоли намояндагони чамоат, раисони махалла ва шахсони кордони махалахо ёри мерасонанд. Мавзуе, ки ин замон ин ташкилот аз руи он кор мебарад ин «Чихатхои конунии хукуки оиладори» аст ва бештар  дар бораи шартхои тартиби бастан ва бекор кардани акди никох, ухдадорихои алименти, мукаррар намудани падари, бахси амволии хамсарон ва гайра сухбат мекунанд. Занхои навохии дар боло ишора гашта бештар оиди чи гуна никохро конуни бекор карда мешавад ва оиди ситонидани алимент барои фарзандони ноболигашонро намедонанд. Мо ба бисёр занхое, ки ба мо мурочиат мекунанд маслихатхои худро дарег намедорем онхо низ дар навбати худ миннатдориашонро байён месозанд. Аз руи конун мо ба онхо мефахмонем, ки давлат хамон никохеро расми мешуморад, ки дар идораи сабти асноди холати шахрвандии бакайд гирифта шудааст. Ва хангоми бекор кардани акди никох дар моддаи 18 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон макомоти асосие, ки масъалаи катъи акди никохро барраси мекунад Макомоти сабти асноди холати шахрванди номбар мешавад. Яъне дар асоси моддаи 40 Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди" асосхои бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох  дар макомоти САХШ аз инхо иборат мебошад:

  аризаи муштараки хамсарон дар бораи бекор кардани акди никох, ки фарзандони умумии ноболиг надоранд; 

ариза дар бораи бекор кардани акди никох, ки аз чониби суд бедарак гайбзада ё гайри кобили амал эътироф шуда бошад ё барои содир намудани чиноят ба мухлати зида аз се сол махкум шуда бошад;

 хуччати шаклаш мукарраршуда оид ба вафоти яке аз хамсарон ва ё халномаи ба кувваи конуни даромадаи суд оид ба фавтида эълон намудани яке аз хамсарон;

халномаи суд дар бораи бекор кардани акди никох, ки ба кувваи конуни даромадааст.

Хамсароне ки хохиши бекор кардани никохро доранд ва аз хамин никох фарзандони умумии ноболиг надоранд метавонанд  ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар шакли хатти аризаи муштаракро оид ба бекор кардани акди никох пешниход намоянд. Ва танхо холатхое, ки дар асоси моддахои 21- 24   Кодекси Оила пешбини шудааст  никох дар суд бекор карда мешавад. Дар суд сабабхои бекор кардани акди никох пешбини нашудааст.  Танхо  агар суд мукаррар кунад, ки минъбад зиндагонии якчояи зану шавхар ва нигох доштани оила имконнопазир гаштааст, барои бекор кардани акди никох халнома мебарорад."Дар суд парвандахое, ки дар мавриди бекор кардани акди никох барраси мешавад; ин байни хамсароне, ки аз хамин акди никох фарзанди ноболиг доранд; байни хамсароне, ки барои бекор кардани акди никохашон рози мебошанд, аммо доир ба таксимоти чизу чора ва алимент бахс пайдо шудааст; байни хамсароне, ки яке аз онхо барои бекор кардани акди никох рози нест. Яъне судхо хангоми барраси парванда вазифадоранд:

-муаян намояд, ки фарзандони ноболиг пас аз бекор кардани никох бо кадоме аз падару модар зиндагони мекунанд.

-муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;

- бо талаби зану шавхар (яке аз онхо) амволи дар тахти моликияти муштараки онхо карордоштаро таксим намояд;

- бо талаби зан ё шавхаре, ки аз хамсари худ ба гирифтани таъминот  хукук дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.  

Аз доираи масъалахое ки кисми 2 моддаи 24 КОЧТ пешбини кардааст, дар халли ду масъалаи аввал: муаян кардани чои зисти кудак ва руёнидани алимент ба фоидаи кудак дар холати пешниход накардани талабот низ суд ин масъалахоро вазифадор аст муаян намояд. Ин ду холат бевосита ба манфиати кудак дахл дорад. Вакте мо дар шахраки Сарбанд кучаи Борбад сессияи маълумоти-хукукии худро мегузаронидем ба назди мо духтараки зебое бо ном Рисолат омада гуфт: «ман намехохам аз шавхарам чудо шавам». Хайрати мо дар он буд, ки наход  духтаре, ки зохиран наврас менамояд, аллакай оиладору боз хам хатари парокандашавии он тахдидаш мекунад. Мутаассифона чунин буд, у дар синни 20-солаги аллакай захри чудои аз шавхарро мечашад. Рисолат бо ашк накл кард, ки зиндагиро бо орзуву хавас соли 2011 бо шавхари азизаш  Самандар огоз намудааст. Рузхои аввали хонадоршавиашон бо ширини мегузашт, пас аз се мохи зиндаги хушдоман бо хар бахона чангу чанчолхои бемаъни уро аз хона рондааст, ки он хангом Рисолат аллакай хомиладор буд. У хеч гох фикр намекард, ки аз шавхараш чудо мешавад, зеро ин оила дар асоси мухаббату розигии хардуяшон огоз гардида буд. Рисолат шавхарашро бо тамоми хастияш дуст медорад, вале писар ба суханхои модараш гуш андохта аз хамсараш руй гардонид. Рисолат бо дидаи гирён ба хонаи модар баргашт.  Рузхои аввали хаёташро ба ёд оварда беист мегиристу худро бадбахт гумон мекард. Ба хотири ягона умедаш фарзанди дар батнаш буда, бояд мезист. Пас аз интизорихои зиёд писарашро ба дунё овард ва гумон кард, ки шавхараш ё ин ки аз хонадони шавхараш ягон нафаре ба дидорбинии тифлакаш меоянд, вале тули як сол ягон нафар ба хабаргирии фарзандаш наомаданд, вале Рисолат то хол ба умед аст. Замоне, ки фарзандаш нав дахмоха  шудааст  шавхараш ба у занг зада гуфтааст, ки «ман ба суд бо ариза оиди бекор кардани никохамон мурочиат мекунам даъват, ки карданд бе ягон даъво омада имзо мегузори». Рисолат алакай хамон замон умедашро аз зиндаги кандааст ва бовари хосил намуд, ки хеч гох фарзанд садди рохи побарчо мондани оиларо намекардааст. Аз чехраи Рисолат маълум гашт, ки дар чунин айёми чавони алакай у некро аз бад фарк карданро омухтааст. Сараввал мо ба у маслихат дода фахмонидем, ки  дар асоси моддаи 17-и Кодекси Оилаи ЧТ, ки дар он возеху рушан оварда шудааст, шавхар хукук надорад хангоми хомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таввалуди кудак бе розигии зан ба суд оиди  бекор кардани акди никох даъво пешниход намояд. Дар ин маврид танхо хукуки мард махдуд карда мешавад, зан бошад, дар вакти дилхох метавонад парвандаро оид ба бекор кардани акди никох огоз намояд, яъне хукуки зан дар киёс бо хукуки мард махдуд карда намешавад. Бояд хотиррасон кард, ки ин гуна хукук махдудкуни танхо бо максади химояи саломатии зан ва тифли навзод пешбини шудааст ва ба принсипи конститутсиони тахти гамхории давлат карор доштани зану кудак мувофикат мекунад. Коидаи моддаи мазкур инчунин дар холатхое татбик карда мешавад, агар кудак бечон таваллуд шуда бошад, ё худ то расидан ба якуним солаги фавтида бошад. Яъне шавхари вай хукуки ба суд бо ариза мурочиат карданро надорад. Пас аз чанде Рисолат ба мо занг зада арз кард, ки уро ба суд  барои бекор кардани акди никох даъват кардаанд ва у намедонад, ки чикор кунад. Ман ба у фахмондам, ки ту дилпурона метавони ба суд арз намои, ки намехохи аз шавхарат чудо шави. Судя ин холатро боз хубтар фахмонида ба онхо шаш мох мухлат барои оштишави додааст. Чи тавре, ки Рисолат мегуяд дар дилаш як шуълаи умед пайдо гаштааст. Рисолат аввалину охирин духтараке нест, ки ба ин хол гирифтор шудааст. Ман дар ин чо танхо мардонро гунахгор кардани нестам занхое хам хастанд, ки ба кадри хонаву дари обод намерасанд шавхаронашонро хурмат намекунанд хурмати волидайни шавхарро намефахманд, вале бештари мардони мо фикр намекунанд, ки зан як олихаи нозук аст бо у ки муносибати хуб карди, насихат куни, маслихат пурси хатман зан низ дар навбати худ ба ин гамхорихо чавоби некбинона медихад. Хуб мешуд, ки занону мардон пеш аз бунёди оила аввал якдигарро хуб омўзанд, то дар оянда ба хатогихо рох надиханд. Хуб мешуд, ки муфтию муллохо пеш аз никохи мусулмони шаходатномаи акди никохро талаб карда баъдан то чи андоза гунохи бузург будуни амали талокро ба харду чониб фахмонанд.  Ба андешаи ман дар симои зани талокшудаи точик имруз ман   як шахси бадбахт, нафаре, ки дар зиндаги яъсу ноумеди доранд ва бо чашмони имдодталаб умеди неки аз хар касро дорад тассавур менамоям ва бешак ин тоифа занхо вокеан ниёз ба дастгириро доранд. Дар хар сурат чи гунае, ки набошад зан олихаест, ки Худованд бузургтарин як неъмати хешро ба у хадя намудааст, яъне зан офаридгор буда идомаи хаёт аст ва хуб мешуд, ки ин калби сару по мехрру арчу эхтиромашро ба чо меовардему нисбаташ ин амалхои зиштро раво намедидем. Хулоса, бонувони мухтарам умуман чавонон бояд пеш аз бастани акди никох  оид ба конуну коидахои мавчуда ба хусус Кодекси Оила маълумоти дакикро дошта бошанд. Зеро дар баробари барпо намудани оила онхо мухимтарин ячейкаи давлат оиларо барпо карда хукукхояшонро давлат мухофизат менамояд. Вагарна дар сурати надонистани конун ё ин ки оддитарин маълумоте дар бораи никох ва дар мавриди  дучор шудан  ба чунин мушкили зиндагии хешро дучанду худро ба гирдоби муаммохои гуногун хавола менамоянд.

Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (31.10.2012)
Дида шуд: 21446 | Тафсирҳо: 1 | Тегҳo: макола, чавонон, сабабхои чудошави, чудошави | Рейтинг: 2.8/17
Ҳамаи тафсирҳо: 1
1 косимжон   (11.09.2015 12:59)
асалому алайкум мехохам бо калони сардори шуьбаи сабти асноти холати шахрвандии ш душанбе гуфтугу кунам илтимос кумакам кунед

Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018