Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 278


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Ҳар шахс ҳуқуқ ба иваз намудани насаб, ном ва ё номи падар дорад
Аз љониби Филиали Ташкилоти Ҷамъиятии «Инис» љињати баланд бардоштани сатњи шуурноки ва маданияти њуќуќии мардум як ќатор лоињањо амали карда шудаанд.

Бо дастгирии Ассосиатсияи Швейтсарї оид ба њамкории байналмиллалии «Ҳелветас» Свиз Интеркоорпорейшен аз моњи майи соли 2009 то инљониб ба мањаллањои шањру ноњияњои вилояти Суѓд лоињаи «Дастрасї ба адолат ва ислоњоти судї» ба тариќи ройгон татбиќ карда шуда истодааст. Ҳуќуќшиносони љамъият бо ањолии кишвар вохурињо гузаронида, ба онњо нуќтањои асоси ва муќаррароти муњими ќонунгузории Ҷумњурии Тољикистонро шарњу эзоњ медињанд.

Сессияњои маълумотї-њуќукї дар миќёси вилоят дар мавзўи «Ҳуќуќи оила» аз рўи Кодекси Оилаи Ҷумњурии Тољикистон ва Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» гузаронида шуда истодааст.

Ҳуќуќ ва озодињои инсон ва шарњванд аз тарафи Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон њифз карда мешавад. Бинобар ин њар шахс њуќуќ дорад ихтиёрона ва ба таври озод њуќукњои худро амали намояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тарафи қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳар шахс аз лањзаи таваллуд мувофиќи Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» ба доштани насаб, ном ва ё номи падар њуќуќ дорад.

Чунончи, меъёрњои Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» муайян мекунад, њар шахсе, ки ба синни 16-солаги расидааст, њуќуќ дорад насаб, ном, номи падарро иваз намояд ва ин њуќуќ аз тарафи маќомоти сабти асноди њолати шањрвандии љойи истиќомати њамон шахс амали гардонида мешавад.

Мутобиќи маълумоти Раёсати Асноди Ҳолати Шањрвандии вилояти Суѓд танњо дар соли 2011 оиди иваз намудани насаб, ном, номи падар 3312 шањрвандон ба шўъбањои САҲШ-и шањру ноњияњои вилоят мурољиат намудаанд. Яке аз сабабњои асосии иваз намудани насаб, ном ва номи падар ин ба хориљи кишвар сафар кардани шањрвандон мебошад. Чи хеле, ки ба хамагон маълум аст, аксарияти шањрвандони Ҷумњурии Тољикистон дар Федератсияи Руссия ба муњољирати мењнати сафар менамоянд. Бо сабабњои гуногун онхо ваќти кор карда гаштан ё баргаштан ба Ватан ба љавобгарии маъмури кашида шуда, ба тариќи судї аз ќаламрави Федератсияи Руссия бароварда мешаванд. Дар асоси моддаи 27 Қонуни Федералї «Дар бораи тартиби ворид ба Федератсияи Руссия ва хориљ шудан аз Федератсияи Руссия» шањрвандониҶумњурии Тољикистон имконияти дубора ба ин кишвар ворид шуданро аз лањзаи хориљ шудан то 5 сол надоранд. Ҳангоми баргаштан шањрвандони кишвар кўшиш менамоянд, ки барои дарёфт кардани маблаѓи пулї боз ба Федератсияи Руссия сафар намоянд. Аммо тўли 5 соли мўњлати дар боло зикршуда онњо имконияти дохил гаштанро ба Федератсияи Руссия надоранд. Бо њамин сабабњои гуногун шањрвандони Ҷумњурии Тољикистон мехоњанд, ки насаб, ном ё номи падарро иваз намуда, дорои шиносномаи нав гарданд.

Ваќте, ки ин гуна шањрвандон ба шўъбањои САҲШ-и шањру ноњияњо мурољиат мекунанд, на хама ваќт њуќуќи онњо оиди иваз намудани насаб ва ном амали гардонида мешаванд. Мутаассифона, аз тарафи баъзе Шўъбањои САҲШ-и ноњияњо њуќуќи шахсоне, ки ба тариќи маъмури аз ќаламрави Федератсияи Руссия хориљ карда шудаанд, оиди иваз намудани насаб, ном ва номи падар амали гардонида намешавад. Лекин берун шудан аз ќаламрави Федератсияи Руссия ба тариќи маъмури асоси рад кардани иваз кардани насаб, ном ва номи падар аз тарафи шўъбањои САҲШ шуда наметавонад ва ќонун њам онро ба таври пурра нишон додаст. Ва аз рўи ќонун ин гуна шањрвандони аз синни шонздањсола боло њуќуќ доранд бе ягон монеаги насаб, ном ва номи падарро иваз намоянд.

Чунончи муќаррароти Қонуни Ҷумњурии Тољикистон муайян менамояд, сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба таври зайл нишон дода нашудааст ва иваз намудани он њуќуќи њар як шахс мебошад.

Ба ѓайр аз масъалањои дар боло зикр шуда боз ноболиѓон њам ба якчанд масъалањои иваз намудани насаб, ном ва ё номи падар дучор мегарданд, яъне њуќуќи шахсе, ки ба синни шонздањ сола нарасидааст, оиди иваз намудани насаб, ном ва номи падар аз тарафи падару модараш ба љо оварда мешавад. Дар ин њолат падару модари шахси ба синни шонздањ нарасида, ба маќомоти сабти асноди њолати шањрвандии шањру ноњияњо бо аризаи муштарак оиди иваз намудани насаб, ном ва номи падар мурољиат менамоянд. Ва дар аризаи муштараки онњо сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падар ва ба кадом насаб гузаштани кўдаки онњо нишон дода мешавад. Дар баъзе мавридњо бо сабабњои гуногун баъзе падару модар оиди ин масъала байни худ бањс пайдо мекунад, яъне яке аз падар ё модар иваз кардани насаб ва номи фарзандашро нахоњад ё ба он насаб мегузаштагии кўдакаш норози бошад, дар ин њолат онњо њуќуќ доранд ба маќомоти васояту парастори мурољиат намоянд. Маќомоти васояту парастори ин масъаларо дида баромада манфиати иваз кардани насаб, ном ва номи падари кўдакро ба инобат гирифта ќарори дахлдорро ќабул менамояд. Ва онњо дар асоси ќарори маќомоти васояту парастори метавонанд ба САҲШ мурољиат намоянд.

Мутаассифона, баъзе њолатњое низ ба назар мерасанд, ки бо сабабњои гуногун баъзе аз шањрвандони мо фарзандони ноболиѓи худро ба њамсари худ гузошта берун аз миќёси Ҷумњурии Тољикистон сафар кардаанд. Ва дар куљо буду бош доштани онњо тўли чандин солњо номаълум боќї мемонад. Фарзандони ноболиѓи ин гуна оилањо дар ваќти ба воя расидан мехоњанд, берун аз кишвар сафар намоянд.

Масъалаи аз њудуди Ҷумњурии Тољикистон берун рафтани ноболиѓон хусусан ба тафтиши Cарраёсати Қушунњои Сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст ва дар ин њолат ноболиѓоне, ки падар ё модари онњо тўли чандин солњо дар њудуди Ҷумњурии Тољикистон истиќомат намекунанд, розигии ба тариќи нотариали тасдиќ гардидаи њамон падару модарро гирифта наметавонанд. Ин гуна ноболиѓон имконияти сафар карданро дар ин њолат аз даст медињанд. Ин масъала њам яке аз сабабњои асосии иваз кардани насаб, ном ва номи падари ноболиѓони то 18-сола ба шумор меравад. Ҳарчанд, ки меъёри моддаи 67 Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» ба таври зайл муайян менамояд: «Иваз намудани ном, номи падар, насаб аз тарафи шахсе, ки ба балоѓат нарасидааст, дар сурати мављуд будани розигии падару модар, ба фарзанди ќабулкунандагон ва ё парастор гузаронида мешавад. Дар њолати набудани чунин розиги дар асоси њалномаи суд, ѓайр аз њолатњое, ки агар шахс то ба балоѓат расидан бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун пурра ќобили амал шуда бошад, амали гардонида мешавад». Лекин баъзе муаммоњое садди роњи ба тариќи суди иваз намудани насаб, ном ва номи падар гардида, њалли онро ба шањрванд душвор менамояд. Дар њолати набудани чунин розигии падар ё модар, ба шањрванд пеш аз њама лозим меояд, њуљљате, ки набудани падар ё модарашро дастиќ мекунад аз ШКД-и љои истиќоматашон гирифта ба суд мурољиат намояд.

Мутаассифона солњои 1990-уми асри гузашта дар раванди фаъолияти худ шўъбањои САҲШ баъзан ба сањву хатоњо роњ дода тартиби навиштани насаб, ном ва ё номи падар дар шањодатномаи таваллуд риоя карда нашудааст, ки он боиси ба вуљуд овардани мушкилињо ба шањрвандон гардидааст. Шањрвандоне, ки шањодатномаи таваллуд гирифтаанд, дар он насаб, ном ва ё номи падар ба пурраги нишон дода нашудааст. Ё ин ки дар насаб ва ё номи падар суфиксњои ўзбекии «ќизи ё уѓли» њамроњ карда навишта шудаанд. Ин гуна шањрвандон айни њол мехоњанд, ки дорои насаб гарданд, то ки ба меъёрњои санадњои байналмиллали мутобиќат намуда, дар хориљї кишвар дучори ягон душвори нагарданд. Қисме аз онњо дар ваќти гирифтани шиносномаи ҶТ ба мушкилот дучор мешаванд. Мувофиќи ќонунгузории ҶТ њуљљатнигори бо забони давлати сурат мегирад. Дар ваќти додани шиноснома дар шањодатномаи таваллуди онњо калимаи ўзбекии «ќизи ё уѓли» дида мешавад, ба ин гуна шахсон зарур меояд, ки онро ислоњ карда ба шањодатномаи таваллуд таѓйирот ворид намоянд. Ва ин масъала њам яке аз сабабњои иваз кардани насаб ном ва ё номи падар ба шумор меравад.

Тавре дар боло зикр гардид, сабти асноди њолати шањрванди ва таъмини њуќуќии ин раванд бо маљмўи њуљљатњои гуногун амали мешавад, ки он дар солњои 1995-уми асри гузашта ба таври љидди нишон дода нашуда буд. Ва аввалин маротиба пас аз ба даст овардани истиќлолияти давлати ба Қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон аз моњи феврали соли 2010 шакли њуљљатњо тасдиќ гардид, ки барои даќиќ иљро намудани амалњои вобаста ба баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрванди ањамияти хоса дорад. Тўли чанд сол мешавад, ки он камбудињои солњои гузашта содир шуда ислоњи худро ёфта истодаанд. Айни њол љараёни љањонишавии љомеа талаботро ба ин њуљљатњо бештар гардонида, аз њар як корманди соњаи САҲШ масъулияти баланди касбиро талаб карда истодааст. Ва њар шахс аз њуќуќи хеш истифода бурда истодаанд.

Чи хеле, ки дар боло ќайд кардем, аз тарафи ФТҶ «Инис» дар шањри Хуљанд дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд барои баланд бардоштани сатњи дониши њуќуќии шањрвандон сессияњои маълумотї-њуќуќї гузаронида шуда истодаанд. Дар ваќти гузаронидани чорабинињои маълумотї-хњуќуќї маълум гардид, ки дар байни шањрвандон бисёр муаммоњо оиди ин масъала вуљуд доранд ва сарчашмаи ба вуљуд омадани ин муаммоњо – аз як тараф надонистани њуќуќи шањрвандон бошад, аз тарафи дигар – маќомотњои номбурда ба баъзе хатогињо роњ медихад. Алалхусус, ба шўъбањои Сабти Асноди Ҳолати Шањрванди алоќамандии зич дорад. Барои шањру эзоњ додан ва њал кардани баъзе муаммоњо аз рўи ќонунгузории Ҷумњурии Тољикистон ФТҶ «Инис» дар шањри Хуљанд ба хулоса омад, ки якљоя бо маќомоти Сабти Асноди Ҳолати Шањрванди вилояти Суѓд семинар баргузор намояд. Моњи декабри соли 2011 бо дастгири ва њамкории мудири Бахши шўъбаи Сабти Асноди Ҳолати Шањрвандии ноњияи Б. Ғафуров барои кормандон ва коргузорони он дар љамоатњо ва инчунин ба котибони љамоатњои ноњияи Б. Ғафуров семинар дар мавзўи «АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛА ВА НИКОҲ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» баргузор гардид.

Ба ѓайр аз ин 17 майи соли љори боз як семинари дигар дар ин мавзўъ дар ноњияи Ҷ. Расулов барои котибони љамоатњо ва коргузорони шўъбањои Сабти Асноди Ҳолати Шањрванди бо иштироки намояндагони Маќомоти Иљроияи Ҳокимияти Давлатии ноњияи Ҷ. Расулов, кормандони суди ноњия гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии гузаронидани семинари мазкур аз мустањкам намудани дониши кормандони шўъбањои Сабти Асноди Ҳолати Шањрванди ва котибони љамоатњои ноњияњо оиди Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» ва таѓйиру иловањо ба Кодекси Оилаи Ҷумњурии Тољикистон иборат мебошад.

Аз рўи маълумотњои дар боло оварда шуда њуќуќшиносони Филиал ба хулосае омаданд, ки барои дар оянда аз тарафи шањрвандон ба ин хатогињо роњ надодан гузаронидани чорабинињои њуќуќиро дар байни ањолии вусъат дода бо иштироки кормандони худи соњаи САҲШ ва дигар маќомотњои давлати корњои фањмонидадињиро оиди баќайдгирии сабти асноди њолати шањрвандиро бисёр намудан љоиз аст. Пурќувват ва васеъ намудани дониши кормандони худи соњаи САҲШ низ мувофиќи маќсад аст. Байни онњо гузаронидани чорабинињои-њуќуќї ба монанди тренингу семинарњо дар оянда ба наќша гирифта шудааст.
Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (08.08.2012)
Дида шуд: 2916 | Рейтинг: 0.0/0
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018