Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 261


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

10 - солагии Ташкилоти Чамъиятии Инис
Ташкилоти Чамъиятии «ИНИС» 10-июни соли 2005-ум бо дастгирии Ассотсиатсияи Хукукшиносони Амрикои (АВА) СИИЛИ ташкил карда шуда фаъолияти асосии он барои баланд бардоштани маърифати хукукии мардум ва расонидани ёрии хукукии ройгон ба мардуми камбизоати Чумхурии Точикистон мебошад. Идораи асосии ТЧ ИНИС дар ш. Душанбе буда он дорои ду филиал дар вилоятхои Хатлон ва Сугд ва як намояндаги дар шахри Кулоб аст, ки дар он хукукшиносони лаёкатманду ботачриба барои амалисозии максад ва лоихахои ташкилот фаъолона мехнат мекунанд. Ташкилот бо дастгири ва хамкории як катор макомотхои давлати ва гайридавлати барои амалисозии барномаи Хукумати Чумхурии Точикистон «Оиди баланд бардоштани маърифати хукукии мардум барои солхои 2009-2019» ва расонидани ёрии хукукии ройгон ба мардуми ниёзманди чумхур сахми арзандаи худро бо тарики чорабинихо ба монанди: Гузаронидани чорабинихои маълумоти-таълими; гузаронидани тренингхо, вохурихо, мизи мудаввар; гузаронидани дарсхои факультативи барои хонандагони мактабхои миёна; гузаронидани сессияхои маълумоти хукуки дар байни ахоли; расонидани маслихатхои хукукии ройгон ба ниёзмандон; тайёр ва пахн намудани буклет, брошурахо, ва дигар адабиётхои маълумоти хукуки дошта ва дигархо ба рох мондааст. Дар ин тули 10-сола хукукшиносони ТЧ ИНИС ба зиёда аз 8000 шахрвандони муаммохои хукуки дошта ёрии хукукии ройгон расонидаанд, ки кисми зиёди онхо халлу фасли худро ёфтааст. Тренерони барчастаи ташкилот хамаруза дар байни ахолихои шахру нохияхои чумхур вохурихо, тренингхо ва сессияхои маълумоти хукуки мегузаронанд, ки холо шумораи онхо имруз аз 20 000 нафар гузаштааст. Чи хеле, ки маълум аст солхои охир муаммои бузурге чомеъаи моро ба ташвиш овардааст, ки ин хам бошад вайроншавии оилахои чавон мебошад. Имрузхо барои халли ин ташвишот аз сатхи болоии давлат сар карда хама ташкилоту макомотхои давлати ва гайридавлати кушиш ба харч дода истодаанд. ТЧ «ИНИС» хам аз ин барканор набуда аз соли 2009-ум инчониб самти фаъолияти худро, аз руи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат», ки аз тарафи Дафтари Швейтсарӣ оид ба тараққиёт ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, ба пеш гирифтааст. Ташкилот сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқии худро дар мавзўи актуалии имруза «Асосҳои қонунгузории оилавӣ» барпо намуда барои мустахкамкунии пояхои оилахои чавон, нигохдории хукук ва ухдадорихои оилави, ба созиш овардан ва баркарор намудани оилахои вайроншуда, даъвати мардум ба кадршиносии оилави ва хурмату эхтиром ва дигархо сахми арзанда мегузорад. Инчунин кормандони ин ташкилот ба мардуми ниёзманд ёрии ҳуқуқии ба монанди машваратҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани хамагуна хуччатхои хукукиро бо таври ройгон ба рох мондаанд, ки мардум хамаруза аз он истифода мебаранд. Дигар дастовардхои беназири ташкилот дар ин дахсола ин амалисозии консепсияи «Рохбалад» мебошад, ки аз соли 2013 инчониб кормандони ташкилот дар ду вилояти намунавии чумхур дар вилояти Сугд ва Хатлон 96 рохбалад тайёр намудаанд, ки холо онхо самимона ба ахолии махалхои худ хизмат намуда истодаанд. Инчунин ташкилот барои инкишофи маърифати хукукии насли наврас хам бетараф намонда бо дастгири ва хамкории вазорати маорифи чумхурии Точистон дар 17 мактабхои тахсилоти миёна ва мактаб интернати шахру нохияхои чумхур оиди мавзуъхои «Бастани акди никох», «Чавобгарии чиноятии ноболигон», «Хукуки кудак дар оила» дарсхои факултативи гузарониданд, ки ин амал натичахои муфид дода холо накшахои идомаи чунин дарсхо ва зиёд намудани соатхои дарсхои хукуки дар барномахои таълимии макотибхои миёна дар раванди тахлиланд. Кормандони ТЧ «ИНИС» дар иштирок ва ташкили чорабинихои сиёсиву ичтимои барканор набуда хамаруза дар чорабинихои давлати ва гайридавлати фаъолона иштирок меварзанд, ки онро баромадхои онхо дар чунин чорабинихо ва инчунин ташкил ва гузаронидани як катор чорабинихо ба монанди «Рузи байналхакии хукукхои инсон», «Рузи байналхалкии оила», «Рузи байналхалкии химояи хукуки кудакон», «Рузи чавонон» ва дигархо тасдик менамоянд. Дар сохаи тагрибу ташвикот ва пахн намудани маълумотхои хукуки бошад, барои баробархукии инсоният ва дастраси ба адолати суди хукукшиносони ташкилот хамаруза дар конфоронсу семинархои илми иштирок намуда ба маколава маъруза ва кашвиётхои илмии тоза эъчоди худ сахми бузург мегузоранд, ки маколахои онхоро хамаруза дар газетаву мачаллахои кишвар во хурдан мумкин аст. Инчунин иштирок ва баромадхои пурмазмуни онхо дар телевизион ва радио хам аз назар дур набуда ба гайри иштирок ва баромадхои онхо инчунин сабтхои махсуси омузишиву тарбияви низ омода сохта шудаанд, ки холо мардумон бо шавк тамошо ва истифода мекунанд. Ташкилоти Чамиятии ИНИС бахри бехбуди ва осоиштагии мардуми Точикистон, пурзурсозии сиёсати хукукии давлат, химояи хукукхои инсоният ва адолатии конунният саъйу кушишхои зиёд намуда хамкории худро бо макомотхои давлати, гайридавлатии ба монанди Возорати Адлияи ЧТ; Вазорати маорифи ЧТ; макомотхои ичроияи давлатии шахру нохияихои чумхур; макомотхои худидоракуни; шуъбахои САХШ-и шахру нохияхо; макомотхои хифзи хукук; шуъбахои кор бо зан ва оилахои шахру нохияхо ва чамоатхо; Марказ оид ба хукукхои инсон; Лигаи занхои хукукшинос; Маркази бухронии Гулрухсор; ва дигархо зич ба рох монда аст. Ташкилот бо фаъолияти софдилонаи худ имрузхо сазовори обрую эътибори хосе гашта аз тарафи як катор макомотхо ва ташкилотхо бо сипосномаву ифтихорномахо кадршиноси карда шудааст, ки ин боиси фахр аст. Аз ин лихоз мо аз фурсат истифода бурда тамоми кормандони ТЧ ИНИС – ро бо тачлили чашни 10-солаги муборакбод гуфта ба хамаи онхо хонаободи ва ба кору фаъолияташон бурдборихои беназирро таманно мекунем. 10-СОЛАГИ МУБОРАК !!!
Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (10.06.2015)
Дида шуд: 1608 | Тегҳo: ёрии ройгон, махаллахо, чорабини, ахоли, камбизоат, 10-солаги | Рейтинг: 5.0/1
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018