Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 271


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Дигарҳо

Маълумот дар бораи чорабини бахшида ба рузи умумичахонии хукуки башар

«Неcт инсоне, ки аз қонун боло ё ин ки паст меистад. Ва мо набояд аз инсон иҷозат ба он гирем, ки аз ӯ тобеъ будан ба қонунро талаб кунем. Тобеъ будан ба қонун аз рӯи ҳуқуқ талаб карда мешавад, на он ки ҳамчун меҳрубонӣ илтимос карда шавад». (Т. Рузвельт)

10 декабри соли 2012 бо дастгирии   ОБСЕ, ЕС, UNICEF, UNHR, Фонди Сорос ва HELVETAS дар маҳаллаи Ҳавузаки Поёни ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон, мактаби № 6 ҷамоати Арали ноҳияи Восеъ, мактаби № 13 минтақаи Чапаеви ҷамоати Калинини ноҳияи Ҷомӣ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар гузаронида шуданд. Дар чорабиниҳои мазкур 170 нафар шаҳрванд иштирок варзиданд.

Мақсади асосии гузаронидани чорабиниҳои мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониши мардум бо роҳи шиносоӣ намудан бо ҳуҷҷатҳои байналмиллалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, хусусан Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар, Аҳдномаи байналмиллали оиди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, Аҳдномаи байналмиллаӣ оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ғайра.

Дар вақти баромад ҳуқуқшиносон қайд намуданд, ки имрӯз ҳуқуқҳои асосии инсон дар Декларатсия мустаҳкам карда шуда, аз тарафи ҳамаи давлатҳо аъзоёни СММ эътироф карда шудаанд ва барои баланд бардоштани таъсири он мусоидат намуда, аҳамияти ҳуқуқҳои инсонро дар зиндагии мо тасдиқ мекунад.

Эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон на танҳо ҳуқуқ барои иҷрошавии он, балки иҷро намудани вазифаҳои муайянро маънидод мекунад. Мувофиқи ҳуқуқи байналмиллалӣ давлатҳо ба ӯҳдаи худ вазифаро оиди эҳтиром, ҳимоя ва иҷрои ҳуқуқи инсон мегиранд. Эҳтироми ҳуқуқи инсон дахолат накардани давлатро ба иҷрошавии ҳуқуқҳои инсон ва қаноатӣ аз маҳдуд кардани ҳуқуқҳоро дар назар дорад. Ӯҳдадорӣ оиди ҳимояи ҳуқуқҳои инсон аз тарафи давлат ин ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надодан. Иҷрои ҳуқуқҳои инсон давлатро вазифадор мекунад, ки бемалол иҷрошавии ҳуқуқҳои асосии инсонро кафолат диҳад. Дар сатҳи алоҳида бошад, ҳар як инсон бояд ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром кунад.

Қайд карда шуданд намудҳои асосии ҳуқуқҳои инсон, ба монанди:

1.      Шахсӣ + сиёсӣ;

2.      Иҷтимоӣ – иқтисодӣ;

3.      Маданӣ + коллективӣ

Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми хуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмиллалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».

Инчунин дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».

Бо қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри соли 1948 ҳаракати байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пурзӯр карда шуд.

Декларатсия бо худ «вазифае, ки барои иҷрои он ҳамаи халқу давлатҳо бояд кӯшиш кунанд» ифода мекунад,  бори аввал дар таърихи башарият  ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ки ба ҳар як инсон бояд дастрас бошанд, қайд кардааст. Ҳуҷҷати мазкур аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Як қатор шартномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва дигар воситаҳои монанд, ки пас аз соли 1945 қабул карда шудаанд, ҳуқуқҳои инсонро қонунӣ мустаҳкам карда ба инкишофи механизми байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқхои инсон мусоидат намуданд.

Шартномаҳои байналмиллалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ намуда, давлат ба қабули чораҳои дохилӣ ва қонунҳо бо мувофиқат ба ин шартномаҳо вазифадор мешавад. Дар ҳолате, агар давлат аз ӯҳдаи вазъиятҳои вайроншавии ҳуқуқҳои инсон набарояд, дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ механизм ва тартиби баррасии шикоятҳои алоҳида, ки аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ ба таъмини риоя, татбиқ ва иҷрошавии ҳуқуқҳои инсон даъват карда шудаанд, дастрас мебошанд.

Ҳуқуқи байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон меъёру талаботҳоро, ки давлатҳо барои риояи онҳо вазифадоранд, тасвият мекунад. Иштирокчии шартномаҳои байналмиллалӣ шуда, давлатҳо ба худ вазифа ва масъулияти эҳтиром, ҳимоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсонро қабул менамоянд.

20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» бо мақсади ҳимоя ва пешрафти ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон қабул карда шуд.  Моҳи маи соли 2009 ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол бо имконияти боз ба як мӯҳлати дигар аз нав таъин шудан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода таъин карда шудааст, ки ин вазифаро то айни ҳол ишғол карда истодааст, ки вазифаҳои асосии ӯ ин мусоидат намудан ба:

а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;

в) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;

д) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

е) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён фаъолона иштирок намуда саволҳо додаанд ва аз он ҳуқуқшиносон муайян намуданд, ки шаҳрвандон пештар дар бораи вуҷуд доштани ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи давлати мо тасдиқ карда шудаанд, хабар надоштаанд. Ва дар навбати худ давлат ба зиммааш  вазифаи мувофиқат намудани қонунгузории дохилӣ ва таҷрибаи татбиқи қонунҳоро ба талаботу меъёрҳое, ки шартномаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида  муқаррар мекунанд, мегиранд. Ва инчунин қонунгузории миллӣ ба шахс ҳимояи асосии ҳуқуқии ҳуқуқҳои ӯро, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ кафолат медиҳанд, имконият медиҳад.

Барои  тасаввуроти возеҳ аз тарафи ҳуқуқшиносон дар ватман рӯйхат ва номгӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи давлати мо тасдиқ карда шуда ва ватман бо нақшу нигори ҳуқуқҳои инсон тайёр карда шуд. Барои мустаҳкам кардани маводи гузашта дар қоғазҳои қанд саволҳо аз рӯи мавзӯи гузашта пешниҳод  карда шуданд, ки ба ҳар яки он иштирокчиён бо шавқи зиёд ҷавоб доданд. Ҳар як иштирокчии чорабинии мазкур дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ, ки дар ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, хабардор гашт.        

Дараҷа: Дигарҳо | Илова кард: Манижа (20.12.2012)
Дида шуд: 2291 | Рейтинг: 2.0/1
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018