Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 290


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Қайди зист масъалаи муҳим ба шумор меравад
Фаъолияти ТҶ «Инис» аз рӯи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат ва ислоҳоти судӣ» дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз гузаронидани сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ дар семоҳаи дуюми соли 2011 ба як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла, ноҳияи Спитамен ба нақша гирифта шуд. Дар вақти гузаронидани сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ дар ноҳияи Спитамен бисёр шаҳрвандон бо масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муроҷиат мекарданд.

Он ҳуқуқвайронкуниҳо бештар  муносибатҳои вобаста ба қайди зист гирифтан, иваз намудани шиноснома, аз қайди зист баровардан ва инчунин оиди бе шиноснома маскун буданро дарбар мегирад. Сабаби асосии бисёр муроҷиат кардани шаҳрвандон дар он дида мешавад, ки ноҳияи Спитамен дар қисмати сарҳадии вилояти Суғд ҷойгир буда, дар ин ноҳия ба масълаҳои қайди зисти шаҳрвандони Тоҷикистон  ва давлати ҳамсояи Ӯзбекистон диққати махсус дода мешавад. Барои бехатарии минтақа тез-тез гузаронидани тафтишҳои ногаҳонӣ (рейдҳо) назаррас мебошанд.

Ва баъди ин тафтишҳо ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон бештар ошкор гардида, онҳо бо ин масъала муроҷиат мекарданд. Шаҳрвандон оиди интихоби ҷои зист озод мебошанд. Шахс ҳар лаҳза метавонад ҷои зисти хешро иваз намоянд. Ин ҳуқуқӣ шахс низ дар моддаи 24-и Конститутсия ҶТ омадааст, яъне «шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад».

Албатта оиди ин масъала қонун ба ҳар шахс ҳуқуқ дода бошад ҳам, лекин аз рӯи қонун низ тартиби ба қайд гузоштанро ҳам ба ҳар шахс вогузор намудааст. Ин масъала бисёртар баъди бастани ақди никоҳ ё бурдани хоҷагии умумӣ ҳамчун зану шавҳар пайдо мешавад. Чихеле ки маълум аст, пас аз бастани ақди никоҳ ҷои истиқомати занҳо дар манзили истиқоматии шавҳарашон интихоб карда мешавад.

Бархе аз ин шаҳрвандон ба монанди падару модари шавҳар бо сабабҳои гуногун иҷозат намедиҳанд, ки келинашон дар ин манзил ба қайди зист гирифта шаванд. Зеро ин шахсон аз рӯи қонун мӯҳлат ва тартиби ба қайди зист гирифтанро намедонанд. Аз ҳамин лиҳоз бисёр вақтҳо занҳо наметавонанд, ки  қайди зисташонро дар хонаи шавҳарашон ба қайд гузоранд.

Ва бисёре аз шаҳрвандони мо роҳҳои фиребро пеш бурда аз номи падару модар ва умуман аз номи соҳибмулкони манзили истиқоматӣ ба мақомотҳои дахлдор, яъне ҷамоатҳо ва шӯъбаҳои шиносномадиҳии ШКД-и шаҳру ноҳияҳо ариза пешниҳод мекунанд, то ки ҳамсари онҳо дар ин суроға ба қайди зист гирифта шавад. Дар вақти гузаронидани тафтишҳои ногаҳонии махсус шахсоне, ки қайди зист надоранд аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд. Зеро нисбати ин кирдор, яъне маскуният бе шиноснома ё бидуни қайд,  дар моддаи 469-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари пешбини карда шудааст.

Меъёри моддаи мазкур чунин муайян менамояд: «Барои бе шиноснома маскун будани шаҳрвандоне, ки бояд шиноснома дошта бошанд ё бо шиносномаи беэътибор, инчунин бидуни қайд зиндагӣ кардан ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, -ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».Айни ҳол мувофиқи моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлати барои соли 2012» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки аз рӯи моддаи 469-и кодекси мазкур шахс баъди содир намудани ҳуқуқвайронкунии дар боло гуфта шуда бори аввал аз 40 то 80 сомонӣ ҷаримабанди карда мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати ба қайди зист гирифтан дар Низомномаи низоми шиносномадиҳӣ низ ба таври дахлдор нишон дода шудааст, ки мутаассифона бисёре шаҳрвандони мо аз он бехабар мебошанд ва ин яке аз омилҳои асосии содир кардани ҳуқуқвайронкунии онҳо мегардад. Аз рӯи қонунҳои амалкунандаи имрӯза барои ба қайди зист гирифтан пеш аз ҳама розигии хаттии соҳибмулк талаб карда мешавад.

Дар қисми 23-и ҳуҷҷати мазкур он шахсоне, ки бояд ба қайди зист гирифта шаванд бо мӯҳлати муайян ба таври зайл омадааст: « -  шаҳрвандони ҶТ, ки дар ҳудуди ҶТ доими зиндагӣ мекунанд;    - шаҳрвандони ҶТ, ки дар хориҷи кишвар доими зиндагӣ мекунанд, дар ҶТ    барои зиндагии муваққати зиёда аз 6 моҳ омадаанд;    - шаҳрвандони ҶТ аз як ҷой ба ҷои дигар барои зиндагии муваққати ё доими зиёда аз 6 моҳ омадаанд, бояд дар мӯҳлати 7 шабонарӯз ба шӯъбаҳои шиносномадиҳии   минтақавии мақомотҳои  корхои дохили хабар диҳанд».

Аммо ба ин  меъёрҳо нигоҳ накарда шаҳрвандони мо солҳои зиёд аст, ки бе қайди зист дар дигар суроғаҳо зиндагонӣ мекунанд. Ва ин боиси содир шудани ҳуқуқвайрокуни мегардад. Яке аз сабабҳои дигари содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин беаҳамияти ва аз қонун дур будани худи шаҳрвандон мебошад. Яъне маълум мегардад, ки шаҳрвандони мо қонунро ба таври зарури намедонанд.  Баъзеи онҳо шиносномаи худро дар вақти нишондодаи қонун иваз намекунанд ё бо сабабҳои гуногун шиносномаро корношоям мегардонанд.

Зеро меъёри моддаи 493-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии ҶТ маълум менамояд, ки барои эҳтиёт накардани шиноснома, ки боиси гум ё ғайри қобили истифода гардонидани он шудааст, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ карда шудааст. Дар ҳақиқат баъзе ҳолатҳое ба назар мерасид, ки шаҳрвандон бо шиносномаҳои корношоямгардидаи худ мехостанд берун аз кишвар сафар кунанд. Ва хусусан дар вақти аз ҳудуди давлат берун рафтан корношоямӣ ва аз мӯҳлат гузаронидани шиносномаи онҳо ошкор мегардид.

Дар ин вақт онҳо ба танкиси дучор мегаштанд. Минбаъд барои пешгири кардани ҳуқуқвайронкуни мо ба хулосае омадем, ки ҷиҳатҳои қонунии ин масъаларо ба шаҳрвандони ин минтақа дар мавзӯи алоҳида оиди ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки нозирони минтақави ва кормандони ҳивзи ҳуқуқ гузаронем. Инчунин корҳои фаҳмонидадиҳиро бо иштироки кормандони Шӯъбаи Корҳои Дохилии шаҳру ноҳияҳо дар байни аҳоли вусъат додан лозим аст.

Ҷиҳати ҳалли баъзе муаммоҳои вобаста ба қайди зист бо иштироки кормандони мақомотҳои дахлдор гузаронидани мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта мувофиқи мақсад аст. Ва пеш аз ҳама ҳамкориро бо мақомотҳои ШКД зиёдтар намудан лозим аст.  Дар вақти гузаронидани чорабиниҳо ба шаҳрвандоне, ки оиди масъалаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муроҷиат менамуданд, масъалаҳои ҳалли он фаҳмонида дода мешуд.
Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: it (06.08.2012)
Дида шуд: 1049 | Рейтинг: 0.0/0
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2019