Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 261


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Фаъолияти рохбаладон дар Ташкилоти Чамъиятии «Инис»
Шахрванд Х. ба рохбалад мурочиат намуда иброз дошт, ки у оиладор буда сохиби 4 фарзанд мебошад. Хамаруза шавхари у нушокихои спиртиро истеъмол намуда дар хона чанчол барпо менамояд. Боре баъд аз чанчоли навбати шавхари шахрванд Х. уро лату куб намуда бо тахдиди талок додан бо чор фарзандаш аз хона пеш мекунад. Лекин Шахрванд Х. намехохад, ки аз шавхараш чудо шавад, зеро онхо сохиби чор фарзанд мебошанд. Пас аз бо пурраги фахмидани асли вокеа ва муайян намудани муаммо аз чониби рохбалад, тартиби бекор кардани акди никох, ухдадорихои алиментдихи ва окибатхои таъсиррасон чудошавии зану шавхар ба шахрванд Х. фахмонида шуд. Шахрванд Х хохиш намуд, ки чунин гуфтахоро ва инчунин хукуку ухдадорихои зану шавхари, окибатхои оилаи вайроншуда ва таъсири он бар кудаконро ба шавхараш низ фахмонида диханд, то ки у хам фикр намояд. Бо хохиши шахрванд Х. ва бо розигии шавхари вай аз чониби рохбалад бо хамсарон вохури гузаронида шуда ба онхо мувофики конунгузории ЧТ хукуку ухдадорихои зану шавхар, тартиб ва окибатхои бекор намудани акди никох, ухдадорихои баробари хамсарон барои нигохубин ва таъмини фарзандон, оиди чавобгарии чинояти дар сурати саркаши намудан аз пардохти алимент, оиди таксими амволи муштараки зану шавхар ва инчунин оиди зуровари дар оила ва чавобгарии онро бо мисолхои тачрибави фахмонида дода шуд. Пас аз бархурдор шудан аз конунгузорихои мавчуда ва гирифтани маълумоти хукуки тарафхо ба хулоса омада, тасмим гирифтанд, ки оилаи худро нигох медоранд, якчоя кудаконро нигохубин мекунанд ва шавхари шахрванд Х ваъда дод, ки аз нушидани нушокии спирти худдори менамояд. Имрузхо шахрванд Х. ба рохбалад сипосмандии худро иброз намуда зикр менамояд, ки шавхараш чанд вакт мешавад, ки нушокии спиртиро наменушад ва дар оилаи онхо дигар чанчол нест. Пас аз хондани чунин вокеа ба шумо албатта савол ба вучуд омаданаш мумкин аст, ки РОХБАЛАД КИСТ? Рохбалад – ин шахсест, ки маълумоти хукуки надорад, аммо дар курсхои кутохмуддати махсус аз руи конунгузории ЧТ, оиди асосхои хукуки оилави, хукук ба мерос ва хукуки маъмури омузонида шудааст. Рохбаладон аз байни ахолии махал бо тарики овоздихии озод ва кушод интихоб шуда хар як интихобшуда розигии худро барои хамчун рохбалад ба тарики ройгон (бепул) фаъолият бурданро медихад. Вазифаи асосии рохбалад-ин пешниходи маслихати хукукии аввалиндарача, тартиб додани хуччатхои хукуки ба монанди аризахо (оиди бекор, катъ кардан ва ё беэътибор донистани акди никох, оиди руёнидан, кам ва ё зиёд намудани алимент, оиди мукарар намудани падари, таксими моликияти муштараки хамсарон, оиди кабул ва ё таксими мерос.. ва ғр.) шикоятномахо, инчунин равона сохтани шахрвандони муаммои хукукии мушкил дошта ба марказхои хукуки, пахн намудани маълумотхои хукуки иборат мебошад. Инчунин рохбаладон бо макомотхои давлати, макомотхои худидоракунии махалли, макомотхои хифзи хукук ва ташкилотхои чамъияти робитаи зич дошта дар чамъомадхо ва чорабинихои онхо фаъолона иштирок меварзанд. Макомотхо ва ташкилотхои мазкур аз рафти фаъолияти рохбаладон хабардор буда шахрвандони муаммои хукуки доштаро барои гирифтани маслихатхои муфид ба назди рохбаладон равона месозанд. Рохбаладон дар махалхои нохияи худ то имруз ба зиёда аз 150 нафар шахрвандони мурочиаткардаву корафтода маслихатхои аввалиндарачаи хукуки дода мизочони ба машварати хукукии минбаъда ниёздоштаро ба марказхои хукуки равона кардаанд. Ин шуморахо аз он шаходат медиханд, ки талабот ва ниёзмандии шахрвандон бар хизматхои рохбаладон хело зиёд мебошад. Бар хизматрасонихои рохбаладон асосан сокинони махалхои дурдаст ва табакаи камбизоати ахоли ниёз дошта дар байни мардум хохиши рохбалад шудан ва ё аз хизматрасонихои рохбаладон истифода бурдан руз аз руз меафзояд. Шахрвандоне, ки аз хизматхои рохбаладон истифода бурдаанд, аз маълумотхои хукукии гирифтаашон хело бахраманд буда миннатдорихои зиёде зикр менамоянд. Дар раванди фаъолияти рохбаладон холатхои назаррасе хастанд, ки маслихатхои хукукии додаи онхо як асос ё сабаб барои пешгирии хукуквайронкуни ва ё конуншикани ба монанди: халли масъалахои доду гирифти алимент, гирифтани шаходатномаи мукарар намудани падари, пешгирии вайроншавии оила ва ё дастрас намудани ягон хуччат аз макомотхои давлати, гаштааст. Барои конеъ намудани талаботи мардуми ниёздошта ва дастрас будани маълумотхои хукуки бар табакахои камбизоати ахолии Чумхурии Точикистон, Ташкилоти Чамъиятии «Инис» оиди ворид намудани Консепсияи фаъолияти рохбаладон, ки бо маблаггузории раёсати Швейтсари оид ба рушд ва хамкори (SDC), ки аз тарафи Ассотсиатсияи «ХЕЛВЕТАС Свис Интеркооперейшен» бо иттиходияи БРСММ Точикистон ичро карда мешавад, амали намуда истодааст. Максади пайдоиши консепсияи рохбаладон- ин баланд бардоштани маърифати хукукии шахрвандон ва дастраси ба маълумотхои хукуки мебошад. Консепсяи мазкур холо дар нохияи Б.Гафурови вилояти Сугд дар чамоати Ёва ва чамоати шахраки Гафуров, ки аллакай 10-нафар рохбаладон фаъолият мебаранд, амали шуда истодааст. Инчунин дар соли 2014-ум дар шахри Конибодом хам тайёр намудани 17-нафар рохбалад ба накша гирифта шудааст. РОХБАЛАДОН МЕТАВОНАНД БА ШУМО ЧУНИН ЁРИ РАСОНАНД: • Маълумотхои хукуки пешниход намоянд; • Маслихатхоро оиди халли бахсхои оилави, ба монанди бастани акди никох, хукукхои амаволи, хукук ба гирифтани мерос ва гайрахоро пешниход намоянд; • Дар холатхои зарури ба макомотхои дахлдори давлати ва ташкилотхои чамъияти барои халли масъалахо равона созанд. Агар Шумо барои гирифтани маълумоти хукукии ройгон (бепул) ниёз дошта бошед пас метавонед ба рохбаладон мурочиат намоед. Телефонхо барои тамос бо рохбаладони н. Б. Гафурови вилояти Сугд. Рохбаладони чамоати Ёваи н. Б. Гафуров 1. Максудов Исматчон тел: 93 355-39-20 2. Ахмадчонова Нуринисо тел: 93 355-39-12 3. Сайфиддинова Мархамат тел: 93 355-39-19 4. Азизбекова Ханифа тел: 93 355 39 18 Рохбаладони шахраки Гафурови нохияи Б. Гафуров: 1. Курбонова Оначон тел: 93 355-39-14 2. Холикова Гулноза тел: 93 355-39-15 3. Артикова Робия тел: 93 355-39-16 4. Дадобоева Сурайё тел: 93 355-39-13 5. Курбонова Зухро тел: 93 355-39-17 6. Косимова Мохиниссо тел: 93 355-39-21
Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (05.06.2014)
Дида шуд: 2144 | Рейтинг: 1.0/2
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018