Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 261


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Химояи хукукхои оилави дар конунгузории Чумхурии Точикистон
Имруз яке аз масъалахои мухими масштаби глобали ин вайрон кардани хукук ва ахлоки инсон мебошад. Аксарият хукуквайронкуни дар мамлакатхои Осиёи Миёна, аз чумла дар Чумхурии Точикистон, ки шахрвандони зиёд бо урфу одати мусулмони зиндаги мекунанд, дида мешавад. Яке аз масъалахое, ки дар илми имруза ва тачриба чои намоёнро хамчун мушкилоти ичтимои-хукуки касб намудааст, ин пахн шудани никоххое, ки мувофики талаботи мукарраршуда ба кайд гирифта нашудаанд ва хамчун «никоххои дини» номгузори шудаанд, мебошанд.   Нобаробарии гендери дар ин соха зухуроти зеринро ба вучуд овардааст: хамчун коида дар аксар мавридхо мардон аз бакайдгирии давлатии акди никох саркаши менамоянд, занхо бошанд мачбуранд ба ин тарзе, ки дар чомеа рочеъ аст, рози шуда, аз хукукхои молумулки ва гайримолумулкие, ки конун ба хамсарони конуни ва фарзандони ноболиги онхо мукаррар кардааст, махрум шаванд. Аз сабаби надоштани саводи кофи онхо талаботи конун ва анъанахои диниро риоя намекунанд. Онхо тарзе амал менамоянд, ки ба онхо манфиатбахш ва осон бошад. Дар аксар вакт дар ин холатхо вайроншавии хукуки занон ба чашм мерасад. Сар задани чунин муаммохо дар бисёр маврид аз муносибатхои оилави дида мешавад.   

Аз моддаи 1-и Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон бармеояд, ки оила, акди никох, модар, падар ва кудак дар Чумхурии Точикистон тахти  мухофизати давлат карор дорад. Аммо аксарияти шахрвандони одди, асосан занхо, ки дар махалли дурдаст зиндаги мекунанд, аз конунгузори дур мебошанд. Дар вакти барпо кардани оила аксарияти онхо меъёрхои конунгузориро риоя намекунанд ва оила бе кайд дар макомотхои давлатии САХШ ташкил карда мешавад. Мутобики кисми 3 моддаи мазкури Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон, танхо он акди никохе эътироф карда мешавад, ки дар макомоти давлатии сабти асноди холати шахрванди ба чо оварда шудааст. Акди никохе, ки бо расму оини дини сурат гирифтааст, эътибори конуни надорад, чунки аксарияти никоххое, ки бо расму оини дини барпо карда шудаанд, дар оянда ба муаммохое, вобаста бо гирифтани алимент, мукаррар намудани падари, муайян намудани хисса дар вакти таксимоти амвол ва гайра оварда мерасонад. Аз тачрибаи мамлакатхои мусулмони дида мешавад, ки онхо бо тартиби хатми акди никохи худро ба кайд мегиранд, гарчанде ки мутобики расму оини мусулмони «махр» мукаррар карда шудааст.

Махр (калим) – ин тухфаи муайяне, ки онро шавхар пеш аз туй ё ин ки дар вакти туй ба келини худ хадя мекунад. Махрро додан мумкин аст хам дар намуди амвол, маблаг, ашё ё ин ки чавохирот. Маблаги махр на кам аз маблаги як манзили истикомати дар минтакаи мазкур, ки аз руи он дар холати дигар зан баъди вайрон шудани оила бо манзил таъмин карда мешавад, ташкил карда мешавад. Чунин одатро дар Точикистони мо танхо дар баъзе минтакахо риоя мекунанд, аммо микдори махр на зиёда аз 100-150 доллари ИМА мебошад ва аз ин вазъияти моддии зан иваз намешавад. Дар вакти ба вучуд омадани муаммохои хукуки дар муносибатхои хукукии  оилави, шахрвандон дониш дар бораи хукук ва ухдадорихои одди надоранд, ва аз ин сабаб саривакт ба макомоти дахлдор мурочиат намуда наметавонанд. Аз тачриба дида мешавад, ки аксарияти шахрвандон дар вакти ба вучуд омадани муаммохо дар муносибатхои хукукии оилави барои гирифтани ёрии хукукии аввалиндарача ба раисони чамоатхо, шахрак ва дехот мурочиат менамоянд. Онхо дар навбати худ ёрии хукукиро расонида наметавонанд ва мурочиатхои шахрвандон бе натича мемонанд. Дар Чумхурии Точикистон дар бисёри холатхо оиларо мард рохбари мекунад ва аз ин сабаб маърифати хукуки байни ахоли, аз чумла занон, паст мебошад, ки дар халли масъалахои хукуки онхо душвори мекашанд. То имруз дар нохияхои дурдаст ва дехот вохиди кории хукукшинос нест ва ин фаъолият ба кормандони чамоатхо, ки маълумоти хукуки надоранду хизматхои адвокатхо пулаки мебошад, вогузор карда шудааст. Аз сабаби норасоии молияви тамоми шахрвандон, алалхусус заноне, ки дар хеч кучо кор намекунанд ва даромади муайян надоранд, аз хизматхои адвокатхо истифода бурда наметавонанд. Дар Чумхурии Точикистон, монанди дигар кишвархо, химояи хукуки оилави дар навбати аввал ба судхо гузошта шудааст. Аммо, аз сабаби дурдаст будан ва надоштани маблаги пули онхо шикоят ва эътирозхои худро ба макомотхои дахлдор расонида наметавонанд. Афзоиши хукуквайронкунихои шахрвандон бо суръати тез аз сабаби он, ки гунахкори хукуквайронкунии оилави бечазо мемонад, зиёд шуда истодааст. Масъалахои мазкурро омухта ва онхоро бо тачрибаи мамлакатхои хоричии тараккикардашуда тахлил карда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки барои бардоштани сатхи маърифати хукукии шахрвандон ва кам кардани шумораи курбониёни  хукуквайронкунихо байни занхо дар нохияхои дурдаст ва дехот, аввалан зарур аст, ки мо аз тарбияи хуби насли наврас сар кунем.

Тарбияи кудакон – ин на танхо ухдадорихои падару модари, инчунин вазифаи муаллимони мактабхои миёна мебошад, ки бисёри вакт дар оянда ба пешрафти кудакон ахамият доранд. Дар айни замон мувофики накшаи таълимии Вазорати Маорифи Чумхурии Точикистон барои хонандагони синфхои 10-11 мактабхои миёна 136 соат барои гузаштани дарс аз руи фанни «Хукуки инсон» пешбини карда шудааст, вале ба мавзуъ «Муносибатхои оилави» бошад, соатхои кам чудо карда шуда, акалан мисолхо аз тачриба оварда нашудаанд. Зиёд кардани хачми дарс аз руи мавзуи мазкур барои халли чунин муаммохо сахми калонро мегузорад. Барои омузонидани конунгузори  ва огох намудани шахсони болиг аз хукуку ухдадорихояшон кумаки ташкилот ва мунтазам гузаронидани семинару тренингхо дар байни ахоли аз тарафи Хукумати вилоят ва шахру нохияхо, макомоти САХШ, макомоти васояту парастори, Чамоат ва дигар макомотхои давлати бо кумак ва дастгирии Ташкилотхои чамъияти дар мавзуи  конунгузории Чумхурии Точикистон (хукукхои оилави ва граждани), инчунин гузаронидани дигар чамъомадхо аз руи сохахои гуногуни конунгузори ва ташкили вохурии кормандони макомоти суд бо шахрвандоне, ки дар минтака ва чамоатхои дурдаст истикомат доранд, зарур аст. Барои дастгирии ахолии камбизоат ташкил намудани рузхои кабул аз тарафи адвокатхо барои додани маслихатхои хукукии ройгон ташкил карда шавад. Гузаронидани чунин чорабинихо барои огох шудани  шахрвандон аз химояи хукуку манфиаташон  ва халли мушкилоти хукукиашон кумак намуда, инчунин барои пешгирии вайроншавии оилахои чавон мусоидат менамояд.

Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (13.06.2013)
Дида шуд: 11973 | Тафсирҳо: 4 | Тегҳo: махр, химоя, химояи хукуки оилави, оила | Рейтинг: 3.0/28
Ҳамаи тафсирҳо: 4
4 Хабибуло   (17.11.2016 07:51)
Барои фарзандхон гирифтан ба ки мурочиат намудан лозим аст?

3 Фируза Мисралиева   (26.07.2016 07:29)
Салом савол чунин иаст: Оё ташкилоти чамъиятии "Инис" метавонад барои рохбаладони чавон тренинг гузародаб, ки дар ин тренинг дошниши онхо боз хам мукамалтар шаваду корашон боз рушд ёбад. Агар гузаронида ш9авад мо хело минатпазирем.

2 умеда   (20.02.2016 19:32)
Ассалому алайкум ман чанвакт аст ки мехохам бо сарвари Точикистон намон мухтарам Чаноби Оли Эмомали Рахмон во хурам. чунки ман бо бовари комил метавонам гуфта ки Чаноби мо инсони хоксору пок вичдон хастанд. танхо хаминкас метавонанд ба ман ёри расонанд. аз тарафи бонки точиксодирот бонк мехохан хонаи истикоматиамонро гиранд. 6 нафар ро ба,куча мондан мехоханд. кани химоя фарзанд ду модар дар кадом конун гуфта шудаастс ки кудакони хурдсолонро дар берун мондан мумкин. духтарчаам дувуним сол писарчаам якунимсол доранд. болои ин хама модарам беморанд. вактеки якум бор суд шуд. суд карор буровард ки касеки пул гирифт хавай супорат хонаро озод кунанд. лекин. ваео бо корои ноконуни боз даводав кардан ин дафа суд шуд дар суди нохияи фирдавси судя карор баровард моро аз хона кучонанд боз болои инкадар сухта судя бочи давлатиро ба гардани мо партоф мо брят ба давлат пул супорем ин дар кучо тугри мебиет хам хонаро гиранд хам пул талаб кунанд. аз хама хохиш мекунам шахсан аз мухтарам Чаноби олиамон хохиш мекунам агар мактубамро суханонамро ба шумо расонанд ба мо ери расонет худатон ба ин кор равшани дарорет. Ташакури зиёд.

1 Nargiz   (28.09.2015 16:49)
Как

Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018