Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 271


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Мақолаҳои мо

Хушунати оилави. Тақдир ва ё ҷазо?

Дар  љомеаи имрўза мартабаи зан хеле болост, зеро мувофиќи ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон зан дар радифи мард аз њамаи њуќуќњо бархурдор буда кормилњуќуќу озод аст. Вале ин њама зоњиран асту танҳо дар сухан. Чун амиќтар ба умқи рўзгори мардум назар кунем, манзараи амалияи зиндагї тамоман дигар аст. Њаќиќату асл он аст, ки аксари занони мањаллї зери  хушунатњои хонаводагї ќарор доранд.

Бояд гуфт, ки ободии Ватан аз ободии њар хонадону оила ибтидо мегирад ва ободии хонадон бошад, аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Вале агар дар оилае пайваста љангу љанљол ва мољароњо бошанд ва модари муштипару заиф пеши назари фарзандон латукўб ва лағатмол гардад, чї муњите барои фарзандони ин оила ба вуљуд меояд? Муњити носолим ва дањшатбор. Бале мањз дањшатбор. Зеро оќибати чунин муносибатњо дар муњити оила дањшат меорад.  Бисёр њолатњое шудаанд, ки фарзандони ин гуна оилањо дар чунин муњити дањшатнок тўли солҳои зиёд зиста, оќибат дањшат – њодисаи даст ба худкушї задани модар ва тани сартопо ба оташпечидаи ўро бо чашми худ дидаанд.

Тавре рўйдодњои даст ба худкушї задан, бахусус занон, далолат намуда, шоњидони ин гуна рўйдодњо изњор менамоянд, ки фазои оилавии ин ќабил хонадон њамеша пурмољаро ва бо љангу љанљолњои зану шавњар хотири фарзандонро њамеша ѓамолуд мекунад. Дар муносибатњои зану шавњар зуд-зуд бањсу мунозирањо ба вуљуд меоянд. Бо њар бањонаи ночиз љангу љанљол оѓоз ва таънаю маломат ба сари зан меборад. Дар њолатњои мастии шавњар њатто бањсњо ба мољаро ва мољароњо ба латукўби зан анљом меёбад. Зан борњо ќањр карда ба хонаи волидонаш њам меравад. Вале бо тавбаю ќасамхўрињои шавњар ва бо хотири фарзандон боз ба хонааш баргашта меояд. Тўли њама соли зиндагии якљояи зану шавњар тартиби зиндагидорї ва муњити оилавї ҳамин тавр љараён мегирад. Ва нињоят, рўзе фаро мерасад, ки  пас аз њаќоратшунавињо ва лағаткўб шуданњо, ки ин њол пайваста тамоми солњои зиндагї идома меёбад, зан тоќат карда наметавонаду, худро оташ мезанад ё бо дигар восита ќасд ба љони худ мекунад. Мард бошад, муддати ин њама солњо ба ќањру рафтанњо ва омаданњои зан одат карда, гумон намебарад, ки рўзе мерасаду зан њам аз чунин тартиби зиндагї ба љон омада, ба љони худ сўиќасд мекунад.  

Акнун суоле ба миён меояд: оё мард метавонист ќабл аз рух додани фољиа худро нигоњ дорад ва аз оќибати рафтору муносибаташ андеша намояд? Оре, метавонист, агар аз нишондодњои ќонунњои амалкунандаи давлате, ки дар он зиндагї мекунад, ба ќадри кофї огоњї дошта бошад. Шояд  «марди» хонадон то фаро расидани чунин њолат андешаи онро накарда буд, ки  ў тамоми солњои оиладорї рафторе дошт,  ки хилофи ќонун буда љиноят ба њисоб меравад, яъне доштани муомилаи берањмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори њамсари хеш ва бо ин восита ба дараљаи худкушї ё сўиќасд ба љони худ намудани ў оварда мерасонад. Оре, мутобиќи моддаи 109 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, ба худкушї расонидани як шахс аз љониби шахси дигар љиноят ба њисоб рафта, барои онњое, ки касеро то дараљаи худкушї мерсонанд, љазои мањрум сохтан аз озодїро ба мўњлати аз 3 то 5 сол пешбинї кардааст.

Мутаассифона, имрўзњо чунин њодисањодаст ба худкушї задан ва ё сўиќасд ба љони худ аз тарафи шањрвандон дар њаёти рўзмарраи мардум ба мушоњида мерасанд. Бояд њаминро њам гўем, ки дар бисёри ин гуна њолатњо парвандањо нисбати сабабгорони ин  ќабил љиноят то суд намерасанд, яъне гунањкорон љазо намегиранд. Агар даќиќтар бигўем, дар бештари  ваќт њолати сабабњои ба худкушї даст задани шањрвандон пўшида мемонад. Вале мантиќан то чизе ё касе боис нагардад, касе худро аз њаёт мањрум кардан намехоњад.  Чун ин гуна њодисањо бештар дар доираи оила ва љангу љанљолњои оилавї рух медињанд, ањли оила ва гоњо худи љабрдида њам аз карда пушаймон шуда, намехоњад, ки «сирри оилавї» аз остонаи дарашон берун равад. Дар чунин њол пайдо намудани љавобгарон ва ифшои худи љиноят душвор мегардад.

Мо аксар ваќт мегўем, ки сабаби сар занади чунин њодисањо ин  масъалаи иќтисодї аст ва њамин омил боиси љангу љанљолњои оилавї ва нињоят пошхўрии оилањо мегардад. Аммо њама хуб медонем, ки на њама ваќт масоили иќтисодї ба мољароњо ва пошхўрии оилањо сабаб шуда метавонад. Баъзан худи занњо бо  сустиродагї ва ноустувории њолати рўњиашон сабабгори сар задани чунин њодисањои нохуш – даст задан ба худкушї ва сўиќасд ба љони худ мегарданд.   

Ба  андешаи  ман бошад, зан-модар новобаста ба  њар гуна вазъ бояд хираду маърифаташро дар солим нигоњ доштани фазои оилавї бештар ба кор барад, то њамеша нигањдорандаи оташи шўълавари хонадон бошад. Аксари коршиносон зуњури ин њодиса, яъне худкушиву сўиќасд ба љони худро дар пастравии ахлоќ ва маънавиёти љомеа мебинанд. Бархе камбизоативу сатњи пасти иљтимоиро дар ин рўйдодњо бањона пеш меоранд. Њол он ки сатњи зиндагї дар кишварамон тайи солњои охир андаке њам бошад, рў ба бењбудї нињодааст. Вале ба ин нигоњ накарда, ба мушоњида мерасад, ки ваќтњои охир аз тарафи яке аз аъзоёни оила нисбат ба дигарон муносибати золимона раво дида шуда,  он ба оќибатњои басо нохуш ва њатто худкушии яке аз аъзоёни дигари заифи оила оварда мерасонадЊаќиќати бебањс боз он аст, ки бештар ноболиѓони даст ба ќонуншиканињо зада дар оилањои носолим тарбия меёбанд. Яъне аз он оилањое, ки вазъи мўътадил надоранд. Зеро муњити носолими оила њатман ба њолати рўњии фарзандони ин гуна  оилањо таъсири манфии худро мегузоранд. Тавре аз мисоли боло аллакай огоњ шудем, дар як оилаи комил чї муњите буд ва оќибати он бо чї анљомид: падар паси панљара, фарзандон зери сарпарастии модари бо тани афгор.

Дар њар гуна  њолате, ки ба вайроншавї ва пошхўрии оилањо оварда мерасонад, пеш аз њама фарзандони чунин оилањо љабр хоњанд дид: дур аз назорат дар муњити вайрону носолим тарбия гирифта, оќибат ба ќонуншиканї ва љиноят даст мезананд.

Илова бар ин, солњои зиёд хушунати падар нисбати модар аллакай дар мафкураи фарзандон наќши худро гузоштааст ва маълум нест, ки он чї наќше аст: љањолат ва ё тарањњум? Мутаассифона, дар самти пешгирии чунин њолатњо, агар аз як тараф назорат, чораљўї ва кор бо чунин оилањои носолим аз љониби њукумати мањаллї ва нозирони минтаќавї ќариб, ки ба назар намерасад, аз сўи дигар бепарвоиву бетафовутии њамсоягон ва хешу аќрабои ин гуна оилањо сабабгори сар задани фољиањо мегарданд ва  ин њол  боиси нигаронист.


Дараҷа: Мақолаҳои мо | Илова кард: Манижа (26.09.2012)
Дида шуд: 1877 | Рейтинг: 3.2/4
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018