Мақолаҳо
Mail@Inis.tj
Логин:
Парол:

(ин чист)


Категория бобҳо
Мақолаҳои мо [7]
Ҳисоботҳо [5]
Дигарҳо [3]


Саволи мо
Аз куҷо шумо дар бораи мо фаҳмидед?
Ҷамъи ҷавобҳо: 265


Эълонҳо/Вазифаҳои холӣ


Форуми мо


Тэгҳо


Асосӣ » Маколаҳо » Дигарҳо

Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолияти маълумотӣ-маърифатӣ оиди баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомотҳои давлатӣ»

    

Ташкилоти Ҷамъиятии «Инис» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолии камбизоат дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳрҳои вилояти Суғд сессияҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ гузаронида, муаммоҳои ҳуқуқии дар қонунгузорӣ ошкор гардидаро таҳлил намуда, мулоқотҳои муштарак ва тренингҳо барои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаҳои САҲШ гузаронида истодааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ ошкор гардид, ки шаҳрвандон дар ноҳияҳо аз аввал бо муаммоҳои гуногун ба кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо – ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ки аксаран аз сабаби надонистани меъёрҳои қонунгузорӣ маслиҳати аввалини ҳуқуқиро ба шаҳрвандони дар маҳалли онхо истиқомат намуда, дода наметавонанд, муроҷиат мекунанд. Аз сабаби надоштани имконияти пардохт намудани хизматҳои адвокат барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, шаҳрвандон аз рӯи маслиҳати намояндагони ҷамоатҳо ба мақомотҳои гуногун, ки дар ҳалли ин муаммоҳо салоҳият надоранд, муроҷиат мекунанд. 

Аз рӯи маълумоти омории дар шӯъбаи АҲШ-и вилояти Суғд дар давраи солҳои 2009-2010 ва аввали соли 2011 муроҷиати шаҳрвандон бо чунин саволҳо ба қайд гирифта шудаанд: 

Бекор кардани ақди никоҳ - 6843

Муқаррар намудани падарӣ – 7498

Модароне, ки кӯдаконашонро танҳо ба воя мерасонанд – 3588

Ба ғайр аз ин, муайян карда шуд, ки кормандони мақомотҳои САҲШ, кормандони ҷамоатҳо маълумоти кофӣ надоранд ва аксаран ба шаҳрвандон маълумоти хато дода, дар вақти иҷро намудани ҳаракатҳои гуногун оиди қайдкунии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд. 

Якчанд вайронкуниҳоро мегӯем, ки аз рӯи онҳо шаҳрвандон бисёртар муроҷиат менамоянд: 

Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оиди бекор кардани ақди никоҳ ба шӯъбаҳои САҲШ кормандони мақомоти дахлдор ҳуҷҷатҳое, ки дар ягон меъёри қонунгузорӣ қайд шудааст, талаб мекунанд. Намояндагони мақомотҳои САҲШ дар маҳалҳо ва раисони                ҷамоатҳо дар вақти баррасии аризаҳо оиди бакайд гирифтани никоҳ сабабҳои кам ва зиёдшавии мӯҳлати баррасии аризаҳоро ба инобат намегиранд, гарчанде ки ин ҳолат дар Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» омадааст, аз ин сабаб ҳуқуқхои шаҳрвандон дағалона вайрон карда мешаванд, чунки кормандони мақомоти САҲШ ба пурраги оиди меъёрҳои қонунгузории оилавӣ хабардор нестанд.

Баъди берун кардани шаҳрвандон ба Ватани худ, муҳоҷирони меҳнатӣ боз хоҳиши ба Руссия баргаштанро доранд. Бинобар ин ба онҳо лозим меояд, ки насаб, ном ва номи падарро иваз намоянд, чунки даромадан ба Федератсияи Руссия бо ҳуҷҷатҳои пешина дар муддати 5 сол қатъиян манъ мебошад. Аз ин сабаб масъалаҳое пайдо мегарданд, ки кормандони шӯъбаҳои САҲШ дар ариза сабаби иваз намудани насаб, ном ва номи падарро, ки бояд узрнок бошад, талаб мекунанд, гарчанде, ки ин хоҳиши шахсии ҳар як инсон аст. 

Маблағҳои зиёд барои пешниҳод намудани хизмат талаб мекунанд: пардохт намудани бланкаҳо, қайдкунии санадҳо аз тарафи намояндагони мақомотҳои САҲШ.

Кормандони САҲШ ва ҷамоатҳо никоҳро бо шаҳрвандони хориҷӣ (ӯзбекҳо, қирғизҳо) ба қайд мегиранд, аммо дар бораи ба моддаи 12 Кодекси Оилаи ҶТ ворид намудани тагйирот оиди хатмӣ будани бастани аҳдномаи никоҳ ба таврӣ хаттӣ дар идораи нотариалӣ ва  истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир, огоҳ нестанд. 

Аз рӯи  муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳлил гузаронида шуд ва ТҶ «Инис» дар ноҳияҳои вилояти Суғд се тренинг бо иштироки 

кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, котибон, коргузорон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳар як ҷамоат, Комиссияи кор бо ноболиғон ва Шӯъбаи васоят ва парасторӣ гузаронид. 

Гузаронидани тренингҳои мазкур барои пешгирӣ ва профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо бо роҳи баланд бардоштану огоҳонидани мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва кормандони мақомотҳои САҲШ оиди тагйироту иловагиҳои ба қонунгузории кишвар воридгардида мусоидат намуда, дар оянда аз вайронкуниҳо ва маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон пешгирӣ менамояд. 

Барои муайян намудани сатҳи дониши иштирокчиён саволҳои аз ҳама актуалӣ интихоб карда шуд, ки аз рӯи он аҳолӣ ба қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ муроҷиат менамоянд ва пеш аз саршавии тренинг пур кардани саволнома пешниҳод карда шуд.

Барои муайян намудани сатҳи дониши кормандони мақомотҳои давлатӣ (ҷамоатҳо, САҲШ) ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ноболиғон, намояндагони суди ноҳиявӣ ва ғ., ҳуқуқшиносон аз ҳама саволҳои актуалӣ, ки аксаран аҳолӣ муроҷиат менамояд, интихоб намуда, пеш аз гузаронидани тренинг ба ҳамаи онҳо саволнома иборат аз чор савол бо вариантҳои ҷавобҳо, ки яке аз он ҷавоби дурустро онҳо интихоб намоянд, пешниҳод карда шуд. 

Натиҷаи ҷавобҳои иштирокчиёни тренинг муайян кард, ки дар ҳақиқат, иштирокчиёни тренинг оиди тагйироту иловаҳо дар қонунгузории кишвар, оиди мафҳуми лозимаи аҳдномаи никоҳ, оиди муҳим будани пешниҳоди шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ, бо кадом ҳуҷҷатҳои асосӣ мақомотҳои САҲШ  корбарӣ мекунанд, андозаи боҷи давлатӣ дар вақти қайди никоҳ,  додани шаҳодатномаи никоҳ ва ғ. маълумоти қофӣ надоранд. 

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони ТҶ «Инис» усулҳои омӯзиши интерактивӣ, саволу ҷавоб, дискуссия, кор дар гурӯҳҳои хурд, ки худи иштирокчиён мавзӯҳои худро тақдим менамоянд, истифода мебаранд. Бо роҳи гузаронидани чунин усулҳо худи иштирокчиён ба таври возеҳ соҳиби таҷриба гардида, бо кори механизми амалишавии қонунгузории оилавӣ шинос мешаванд. 

Фаъолона иштирок намуда, иштирокчиён саволҳо дода, дискуссия барпо мекарданд, аз таҷриба мисолҳо меоварданд. Намояндагони мақомотҳои давлатӣ мисолҳои худро оварда ҳамроҳ муҳокима мекарданд, ки муамоҳои шаҳрвандон бо роҳи дуруст ҳал шудаанд ё не. Инчунин аз тарафи онҳо қайд карда шуд, ки тренинги мазкур дар ноҳияи онҳо бори аввал гузаронида шудааст ва гузаронидани он хело муҳим мебошад.   

Хело шавқовар барои иштирокчиён мавзӯи иваз намудани насаб, ном ва номи падар гузашт, зеро баъди берун шудани шаҳрвандон саволҳои зиёде ба миён меояд, аммо кормандони мақомотҳои САҲШ на ҳама вақт ба шаҳрвандон маслиҳати  касби дода метавонанд.  

Бинобар ин, ҳамаи иштирокчиёни тренинг қайд намуданд, ки ҳамарӯза бо муаммоҳои шаҳрвандон дучор гардида, онҳо бояд ёрии ҳуқуқии касбии аввалинро пешниҳод кунанд ва гузаронидани чунин чорабиниҳои маълумотӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва истифода бурдани усулҳои азхудкарда дар фаъолияти онҳо мусоидат менамояд. 

Ба ғайр аз ин, Қонуни ҶТ «Оиди муроҷиатҳои шаҳрвандон», ки дар он оиди масъулиятикормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми риоя накардани он гуфта шудааст, фаҳмонида дода шуд, зеро аксар вақт ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон  аз тарафи кормандони давлатӣ на ин ки муносибати бюрократӣ, ҳатто поймол  гардидани ҳуқуқҳои  шаҳрвандон ба назар мерасад.  

Ба ҳамаи иштирокчиёни семинар Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлати», махсусан моддаи 4 «Ҳаҷми боҷи давлатӣ» ва моддаи 5 «Имтиёзҳо оид ба супоридани боҷи давлатӣ» фаҳмонида, моддаи 31 Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2012» такя карда шуд. ин равшанкунӣ маҳз барои он гуфта шуд, ки ҳар як иштирокчӣ андозаи боҷи давлатиро, ки аз тарафи қонунгузориҳои зикргардида муайян шудаанд, аниқ донанд, зеро аксар вақт  кормандони давлатӣ аз масаби худ сӯиистифода бурда, қонунро вайрон карда нархномаи худро муқаррар мекунанд.

Барои мустаҳкам намудани маълумот маводҳои тақсимоти дар намуди иқтибосҳо аз қонунҳо ва кодексҳои ҶТ пешниҳод карда шуд. Аз тарафи ишт ирокчиён инчунин тавсия дода шуд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо аз рӯи дигар соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла «Истеҳсолоти мурофиавии судӣ», «Муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба замин», «Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Амалиётҳои КФБТ ва мақомотҳои нотариалӣ», «Муносибатҳои меросӣ», «Оиди тақсимоти моликияти муштараки зану шавҳар», «Фарзандхондӣ» ва ғайраҳо гузаронида шаванд   

Тавсиякунӣ: Чорабиниҳои маълумотӣ-маърифатӣ барои баланд бардоштани потенсиали намояндагони мақомотҳои давлатӣ гузаронида намешаванд, онҳо  дар худ тагйироту иловагиҳои қонуну кодексҳо барои шинос шудан ва истифода бурдани он дар вақти кор бо шаҳрвандон надоранд, дар дохили худи муассисаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани дониши кормандон ягон хел чорабинии маърифатӣ гузаронида намешавад.

ТҶ «Инис» фаъолияти мазкурро дар соли 2012 идома дода, якчанд қатор тренингҳоро дар вилояти Суғд гузаронид.  Дар оянда  бисёртар гузаронидани чунин чорабиниҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ бо иштирок намояндагони Ҳукумат, суд, САҲШ, Кумитаи кор бо ноболиғон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Шӯъбаи васоят ва парасторӣ ба нақша гирифтаааст, зеро  дар рафти тренинг онҳо андешаҳои худро мегӯянд, ҳамроҳ муаммоҳои аз таҷриба, ки дар ноҳияҳои онҳо ба миён меояд, ҳал мекунанд, камбудиҳое, ки бартараф кардани он зарур мебошад, гуфта мегузаранд.  Аз ин лиҳоз, гузаронидани тренингҳо дар фаъолияти кормандони мақомотҳои давлатӣ тарафи мусбии худро, дараҷаи онҳоро, пуркардани камбудиҳо дар дониши онҳо нишон медиҳад ва барои пешгирӣ намудани вайронкуниҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар оянда мусоидат менамояд.

Дараҷа: Дигарҳо | Илова кард: Манижа (08.10.2012)
Дида шуд: 1652 | Тегҳo: чамоат, маъруза | Рейтинг: 5.0/1
Ҳамаи тафсирҳо: 0
Имя *:
Email:
Код *:
Хабарҳои мо
13.09.2016
Ба итмом расид додани маълум... 
13.09.2016
ТЧ "Инис" ба рохбаладони нох... 
25.07.2016
Гузаронидани тренинг ба машв... 
28.06.2016
Анчом ёфтани давраи омӯзиши ... 
28.06.2016
Мачлисхои якчоя бо бюрои ёри... 
28.06.2016
Супоридани роҳбаладон ба идо... 


Мақолаҳои охир
10.06.2015
10 - солагии Ташкилоти Чамъи...
05.06.2014
Фаъолияти рохбаладон дар Та...
13.06.2013
Химояи хукукхои оилави дар ...
20.12.2012
Маълумот дар бораи чорабини ...
31.10.2012
Чаро чавонон баъди ба мурод ...
30.10.2012
Ҳисоботи Ташкилоти Ҷамъиятии...
08.10.2012
Маърӯза дар мавзӯи: «Фаъолия...
26.09.2012
Хушунати оилави. Тақдир ва ...
19.09.2012
Маълумот оиди фаъолияти ТҶ «...
19.09.2012
Дар рафти фаъолияти худ Ташк...


Ҳуҷҷатҳои охир
08.04.2014
Конуни Чумхурии Точикистон ...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
25.09.2012
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳу...
06.09.2012
Қонуни Ҷумхурии Точикистон...
06.09.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
03.09.2012
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷу...
29.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
29.08.2012
Барномаи таълим ва тарбияи ...
15.08.2012
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон д...


Аксҳо
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016
01.05.2016


Map
Суроғаи мо: (Идораи асосӣ)
ш. Душанбе, куч. Шевченко, х. 46, хуҷ. 42
Тел: (99 237) 227-59-76
Е-mail:
office@inis.tj address
SDC SDC
Яндекс.Метрика
INIS© 2005 - 2018